Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии туристӣ (UNWTO) соли 2015 шумораи сайёҳони байналмилалӣ нисбат ба соли 2014 қариб 4 фоиз афзуда, ба 1,2 миллиард нафар расидааст. Даромади умумӣ аз туризми байналмилалӣ дар ҷаҳон ба 1,5 триллион доллари амрикоӣ расидааст. Қариб 10 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро соҳаи туризм ташкил додааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин таъкид намуданд: «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дастур доданд, ки соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис ёбад. Ин иқдом хеле саривақтӣ буда, дар пешрафти соҳаи туризм такони ҷиддӣ хоҳад шуд. Оид ба ин масъала дар мақолаи «Тоҷикистон дар қатори давлатҳои муваффақ» («Садои мардум», 28 майи соли 2016) таъкид шуда буд.
Дар кишварҳои ҳамсоя соҳаи туризмро сохтори алоҳида пеш мебарад. Чунончӣ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон Вазорати туризм ва варзиш, дар Туркманистон Кумитаи давлатӣ оид ба туризм ва варзиш, дар Қирғизистон Департаменти туризм фаъолият мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар заминаи ширкати миллии «Ӯзбектуризм» Кумитаи рушди сайёҳиро ташкил кунад. Миёни кишварҳои ҳамсоя Қирғизистон дар қабули сайёҳон пешсаф аст. Соли 2015 ба Қирғизистон 4 миллион сайёҳ ташриф овардааст. Ин рақам дар ҷумҳурии мо 414 ҳазор нафарро ташкил дод.
Дар барномаи рушди туризми Қирғизистон таъкид шудааст, ки то соли 2020 ташрифи солонаи туристони хориҷӣ ба Қирғизистон ба 8 миллион нафар хоҳад расид. Ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаҳои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст.
Толиб Рифоӣ, раиси Созмони умумиҷаҳонии туристӣ, зимни ба Қирғизистон ташриф овардан дар бораи аҳамияти соҳаи туризм дар иқтисоди кишварҳо гуфта буд: «Дар Дубай нефт ҳаст, вале дар он ҷо аз соҳаи туризм нисбат ба истеҳсоли нефт даромади бештар мегиранд». «Мавсими туристӣ» як навъ баҳодиҳии нисбӣ аст. Агар хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда шавад, тамоми сол туристон меоянд. Чунончӣ, ба Австрия, Швейтсария, Ҳиндустон, Чин тамоми сол сайёҳон меоянд.
Ба гуфти муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, ҳоло дар мамлакат се меҳмонхонаи панҷситорадор, 67 санаторияву осоишгоҳ, 158 меҳмонхона бо пешниҳоди 7000 кати хоб фаъолият мекунанд.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба шаҳрвандони 81 давлат тартиби содаи воридшавии сайёҳон пешниҳод шудааст. Шаҳрвандони 11 мамлакат бе раводид ба Тоҷикистон омада метавонанд. Ҳамин тариқ, бо таъсисёбии сохтори алоҳида соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ рушд хоҳад ёфт.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»