Заминларзаи шадид (7, 5 бал бо ҷадвали Рихтер), ки дар Туркия ва Сурия шашуми феврал рух дод, аз хотираи аҳли башар ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Магар метавон зилзилаеро, ки ҳазорон нафарро бехонумон намуда, риштаи умри садҳо кӯдакони масъсуми ҳанӯз аз шири мордар сер нашудаву аз баҳори умр гуле начидаро барканд, фаромуш кард? Метавон ба ҳоли марде, ки ба сад умед зану фарзандонашро зери вайронаҳо ҷустуҷӯ дорад нагирист? Диле, ки ҳоли мардуми ин ду кишварро дида об намешавад, санг аст.
Тибқи иттилои дастрас, дар Ҷумҳурии Туркия бар асари зилзила 10 музофот, аз ҷумла Қаҳрамонмараш, Малатя, Шанлурфа ва Газиантеп дар Сурия шаҳрҳои Латакия, Хама, Ҳалаб осеб дидаанд.
«ТАСС» хабар дод, ки шумораи ҳалокшудагон дар ин кишвар ба 35 ҳазору 418 нафар расидааст. Шабакаи телевизионии «CNN» гузориш дод, ки дар Сурия шумораи ҳалокшудагон 3 ҳазору 162 нафар мебошад. Рақамҳо ниҳоӣ нестанд, зеро дар ин кишварҳо корҳои наҷотдиҳӣ ҳанӯз идома доранду рақамҳо ҳатто баъди ҳар соат тағир меёбанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, дар Туркия барои бартараф намудани монеаҳо беш аз 120 ҳазор мутахассис ҷалб шудаанд.
Агентии «BLOOMBERG» бо такя ба ҳисобҳои конфедератсияи соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ навишт, ки ин заминларза ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Туркия 84 миллиард доллари ИМА хисорот ворид кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввал ба ғами мардуми ин ду кишвар шарик шуданд. Ба Президенти Ҷумҳурии Туркия ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия номаи тасаллӣ ирсол намуданд.
Ба ҷуз ин, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рафъи оқибатҳои заминларза 50 наҷотдиҳандаи ботаҷрибаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия фиристода шуданд. Ба ҳайат духтур-ҷарроҳ, травматлог низ шомиланд. Дар ин сафар ҳамчунин барои зарардидагон маводи ниёзи аввал бурданд. Онҳо корро аз вилояти Қаҳрамонмаръаш, ки аз офат бештар зарар дидааст, оғоз кард. То имрӯз бо ёрии онҳо ҳалокшудагони зиёде аз зери вайронаҳо берун оварда шуд. Рӯзи дуюми амалиёт, падареро бо тифли шашмоҳааш аз марг наҷот доданд, ки ҳоло зери назарати пизишкон қарор доранд.
Ҳар қадар аз замони рух додани зилзила вақт мегузарад, умеди зинда дарёфт намудани одамон аз зери биниҳои фурӯрафта камтар мегардад. Дар ҳоле ки умедҳо канда мешаванд, сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (khf.tj) иттлоъ нашр намуд, ки ба шарофати наҷотбахшони тоҷик тифлаки дагаре аз марг раҳо ёфт. Явузи сесола баъд аз 158 соати рух додани аз зери анбуҳи оҳану бетон раҳо шуд. Ин тифлаки масъум, ки ҳанӯз хубу бади оламро дуруст фаҳм намекунад, фаромӯш нахоҳад кард, ки ӯро тоҷикон аз марг наҷот доданд. Ҳайати наҷотдиҳандагони тоҷик ҳоло дар Қаҳрамонмараш қарор доранд.
Ҳодисаи рухдода бори дигар собит намуд, ки инсон дар муқобили офатҳои табиат оҷиз аст. Соли 2010 дар кишвари мо низ чунин офати табиӣ – сели маргбор қисме аз Кӯлоб — куҳаншаҳри сарбаланд, Муъминобод ва ноҳияи Восеъро хароб намуда буд. Ин ҳодисаҳо собит менамоянд, ки инсон бо вуҷуди рушд бахшидан ба илму техника ҳанӯз наметавонад, муйян созад, ки фардо ба сараш чӣ меояд. Дар чунин рӯзҳои мудҳиш ғамшарики ҳамдигар бояд буд, ғамзадагонро дилбардорӣ намуд ва то ҳадди имкон дасти мадад дароз кард.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»