ТУРСУНЗОДА. ГУСЕЛИ 300 НАФАР НАВАСКАРОН

№ 07.10.2024

хизмат 0210241-уми октябри соли равон дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 300 нафар ҷавонони ватандӯст аз шаҳри Турсунзода ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ омаданд, то ки қарзи фарзандии худро дар назди Ватан адо намоянд.

Дар маросими гусели наваскарон раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки: «Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо иштироки фаъолонаашон дар маъракаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар сафи пешанд».

Масъулин барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ки қисми муҳими омодагии ҳарбӣ маҳсуб меёбад, корҳои зиёдеро анҷом дода, майлу хоҳиши онҳоро дар ҷодаи адои вазифаи фахрӣ бедор менамоянд.

Ин аст, ки аксар ҷавонон қабл аз даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ бо аъзо шудан ба  Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа аз курсҳои махсуси омодагиҳои ҳарбӣ   мегузаранд, тобоварии чисмонӣ ва маънавии хешро инкишоф медиҳанд, коллективона кор карданро меомӯзанд, ихтисосҳои ҳарбиро аз бар менамоянд ва сипас бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки даъвати тирамоҳӣ то охири моҳи ноябр идома хоҳад ёфт.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»