Масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории коронавирус тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Дар асоси амри раиси шаҳри Турсунзода аз 28 феврали соли 2020 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани ситоди фаврии доимоамалкунанда дар шаҳри Турсунзода» комиссия иборат аз 31 нафар таъсис ёфт.
Бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19, барои харидории доруворӣ, либоси махсуси тиббӣ, маҳлули антисептикӣ ва дигар чораҳои зиддивирусӣ аз буҷети маҳаллӣ 620 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ғайр аз ин, соҳибкорони саховатпеша дар мубориза ба муқобили вабо саҳм мегузоранд. Дар маҷмӯъ, кумакҳои аз тарафи ин қишри ҷомеа расондашуда 201 ҳазору 223 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, онҳо ба 226 корманди соҳаи тандурустӣ ба маблағи 110 ҳазору 300 сомонӣ ёрӣ расонданд. Се соҳибкори маҳаллӣ ба маркази ёрии таъҷилии тиббӣ 3 адад воситаи нақлиёт тақдим карданд.
Дар шаҳр маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон таъсис дода шудааст, ки дар он мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба суолҳои сокинон вобаста ба нишонаҳо, пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус бо телефон маслиҳат медиҳанд. Аз тариқи шабакаи иҷтимоии «скайп» мустақим машваратдиҳии табибон ҷорӣ шудааст.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, то якуми июни соли ҷорӣ 337 мариз баъд аз муолиҷа мураххас шудаанд. Мутаассифона, 3 нафар аз бемории сироятии COVID — 19, 8 кас илтиҳоби шуш ва 6 гирифтори бемориҳои ғайрисироятӣ фавтиданд.
Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»