Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта, рӯзи шанбе дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон баргузор мегардад. Шанбеи аввали оғози соли нави 2018 ба қабули раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода ҳозир шудем.
Дар даромадгоҳи бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр як гурӯҳ одамон навбат мепоиданд.
- Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», — муаррифӣ кардам худро ба ду нафаре, ки корафтодагонро номнавис мекарданд.
- Бо кадом мақсад омадед? – пурсиданд онҳо.
- Мехоҳем, ки аз ҷараёни қабули раиси шаҳр дар рӯзнома матлаберо ба нашр расонем.
Яке аз навбатдорон маро то толори мақомоти иҷроия, ки барои қабули шаҳрвандон муайян шуда буд, роҳбаладӣ кард. Дар толор раиси шаҳр, муовинон, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, корхонаву муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳозир буданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода муроҷиати ҳар якеро шунида, ба масъулин барои омӯзиш пешниҳод мекард. Аз ҷумла, дастур дод, ки муроҷиати шаҳрвандонро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт баррасӣ намоянд, арзу шикоятҳоро дақиқ ва шаффоф омӯхта, хулосаи дуруст бароранд.
Он рӯз аз 24 нафаре, ки аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омаданд, 15 нафар оид ба вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки баъди санҷиши комиссияи махсус ҳолатҳои дигари он муайян шудаанд, муроҷиат карданд. Раис талаби онҳоро қонеъ гардонид.
Аз ҷумла, Фарҳод Сулаймонов — сокини деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ба раиси шаҳри Турсунзода муроҷиат кард:
- Ман солҳо боз ба соҳибкорӣ машғулам. Чанд бино сохта, ба истифода додаам, дар кори сохтмон собиқа дорам. Хоҳиш мекунам, ки аз ягон ҷойи мувофиқ барои сохтмони сехи дӯзандагӣ замин ҷудо кунед. Агар сехро бунёд намоем, чанд нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Сокини деҳаи Меҳргони деҳоти «10 — солагии Истиқлолият» А. Раҳимов бошад, хоҳиши сохтмони як бунгоҳи тиббии замонавиро кард.
Раиси шаҳр дар робита ба ин ду муроҷиат гуфт;
- Барои сохтмони ҳам бунгоҳи тиббӣ ва ҳам сехи дӯзандагӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 342 аз 1 сентябри соли 2005 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ баъди омӯзиши Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр қитъаи муайяншуда ҷудо карда мешавад. Замини ҷудошуда бояд ба талаботи корҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ бошад. Бинобар ин, дархости онҳо барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замини шаҳр пешниҳод гардид.
Ба дархости директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 Фароғат Ҳазратқулова (деҳоти «Навобод») роҷеъ ба сохтмони даҳ синфхонаи иловагӣ низ ҷавоби қаноатбахш дода шуд.
Як гурӯҳ сокинони деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов барои гирифтани саҳми замин, ки баҳсро ба миён овардааст, кумак хостанд. Тавре маълум гардид, ҳанӯз соли 2006, баъди таҷдиди хоҷагии ба номи Аскаралӣ Мирзоев, чанд хоҷагии хурди деҳқонӣ (фермерӣ) таъсис ёфта, муроҷиин соҳиби саҳми худ гардида буданд. Мутаассифона, баъди чанде, бо сабаби аз фаъолият дур шуданашон замин бесоҳиб мондааст ва ҳаққи онҳоро ба дигар шахсон тақсим кардаанд.
Раис бо ёдоварӣ аз талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба онҳо гуфт, ки агар саҳмдор дар давоми се сол аз истифодаи замин ҳисобот пешниҳод накунад, аз саҳми худ маҳрум мегардад.
Бо вуҷуди ин, ба Кумитаи идораи замин, муовини раиси шаҳр оид ба кишоварзӣ ва дигар мутасаддиён супориш шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат масъаларо санҷида, хулосаашонро пешниҳод намоянд.
- Қаблан теъдоди муроҷиаткунандагон то 60-70 нафар мерасид, — мегӯяд Муродзода Тулқин, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода. — Теъдоди онҳо сол то сол кам шуда истодааст. Дар тӯли соли сипаришуда аз тарафи раиси шаҳр 1142 нафар қабул ва мушкили аксари онҳо ҳал гардид.
Мушоҳида гардид, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муроҷиати шаҳрвандон, дархосту ниёзи онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»-ро ҷиддӣ риоя мекунанд. Барои тақвияти фикр ёдовар мешавем, ки аз 6645 аризаи хаттии шаҳрвандон дар соли гузашта 6262-тои он қонеъ гардонда шудааст, боқимонда то кунун мавриди баррасӣ қарор доранд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»