Қубодиён. Харҷи 19 миллион сомонӣ барои ободонӣ

№109 (4371) 02.09.2021

То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бун­ёду навсозии 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 173 — тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Муминхӯҷа Давлатзода иттилоъ дод, ки соли 2018 — ум 30 иншоот, соли 2019 — ум — 47, соли сипаригардида — 60 ва дар шаш моҳи соли равон 36 иншоот ба истифода дода шуданд.

Бинои маъмурии деҳоти ба номи Носири Хусрав ва «Заркамар», 11 бунгоҳи тиббӣ, чор толор ва майдончаҳои варзишӣ, мактаб — парваришгоҳ, бинои шуъбаи маориф ва беморхона аз ҳамон ҷумлаанд.

Инчунин, дар ноҳия 7,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 91 километр таъмири ҷорӣ шуда, дар канори роҳҳо шаш ҳазор фурӯзонак насб гардид.

- Маблағи умумии корҳои иҷрошуда зиёда аз 19 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ин кор саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад, — гуфт М. Давлатзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»