Убури Амударё тавассути зарфҳои пластикӣ

№106 (4368) 24.08.2021

1460061058_852297677Тибқи иттилои сомонаи «Kun.uz» як гурӯҳ низомиёни афғон бо истифода аз зарфҳои холии пластикӣ Амударёро гузашта, дар ноҳияи Тирмиз ба сарҳадчиёни ӯзбек тас­лим шуданд.

Манбаъ хабар медиҳад, ки «ихтироъкорон»-и убури Амударё «зарфҳо»-и холиро ба баданашон баста, дар дақиқаҳои башумор аз ҷойи чуқуру тезоби рӯди паҳновар беовоз ба самти муқобил гузаш­танд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 150 гурезаи афғон дар хаймаҳо ҷой дода шудаанд, ки 17 нафарашон занону кӯдакон мебошанд.

17 августи соли равон Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоия нашр намуд, ки дар он омадааст: «Ҷониби Ӯзбекистон бо намояндагони «Толибон» дар иртибот бо ҳифзи сарҳадот ва нигоҳ доштани амният дар минтақаи сарҳадӣ робитаи наздик дорад. Мо қатъиян эълон мекунем, ки дилхоҳ кӯшиши вайрон кардани сарҳади давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон мавриди муҷозоти сахт қарор хоҳад гирифт».

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»