3 июни соли 2021 дар иҷлосияи «Дар остонаи ҷашн: уфуқҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай», ки дар доираи чорабиниҳои Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор шуд, Муншии умумии СҲШ Владимир Норов перомуни дастовардҳои созмон дар самти ташаккули базаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, таъмини баробарҳуқуқии ҳамаҷонибаи давлатҳои аъзои созмон суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки тайи 20 соли мавҷудият СҲШ яке аз системаҳои бузургтарини ҷаҳонии баҳамназдикшавии манфиатҳои милливу минтақавиро дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳо ба вуҷуд овардааст.
В.Норов таваҷҷуҳи иштирокчиёни иҷлосияро ба самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба мисли савдои электронӣ, рақамикунонии соҳаи нақлиёт, рушди кишоварзӣ, ҳамчунин, ташаккули системаҳои нақлиётиву логистикии марказҳо барои тавсеаи ҳаҷми савдои муштарак ва ҳар чӣ зудтар паси сар намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19, ки таваҷҷуҳи рӯзафзун мехоҳанд, ҷалб намуд.
«СҲШ санҷишҳои вақтро сарбаландона паси сар намуда, дар қитъаи АвруОсиё ба омили созандаи мустақил табдил ёфт, дар соҳаи фаъолият дастовардҳои назаррасро соҳиб гашт ва эътирофи васеи байналмилалиро ҳамчун созмони бонуфузу таъсирбахши минтақавӣ сазовор гардид», - изҳор намуд Муншии умумии СҲШ дар остонаи ҷашни 20-солагии созмон.
Дар мубоҳисаҳо, ҳамчунин, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, профессори Институти Тайхэ, собиқ Муншии умумии СҲШ (солҳои 2016 -2018) Рашид Олимов, раиси кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба сиёсати иқтисодӣ, саноат, рушди инноватсия ва соҳибкорӣ Сергей Жигарев, намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масоили СҲШ Б. Ҳакимов низ ширкат варзиданд. Мубоҳисаҳоро модератори иҷлосия президенти Палатаи савдо ва саноати Россия С. Катиргин ҷамъбаст намуд. Ӯ зикр кард, ки дар пасманзари ҳодисаҳои буҳронӣ, ки пандемия ба вуҷуд овард, созмон фаъолияташро оид ба танзими робитаҳои корӣ, дарёфти нуктаҳои нави инкишоф ва рушди соҳибкорӣ дар фазои СҲШ тақвият бахшидааст.
Таҳияи Н.НИЗОМӢ,
«Садои мардум»