2 ва 3 — юми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конфронси нуҳум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин баргузор гардид.
Қабл аз оғози қисмати расмии чорабинӣ, дар бахшҳои саноат, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маориф ва илм ва ҳамкориҳои байнишаҳрӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» панелҳои алоҳида доир шуд. Сипас, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Россия, «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва «Соҳибкор бо намояндаи давлат» (В2G) баргузор гардида, самтҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳ бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Нимаи дуюми рӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Истиқлол» қисмати асосии чорабиниро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин оғоз намуданд. Қайд гардид, ки чорабинии мазкур барои рушди ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии судманди Тоҷикистону Россия мусоидат менамояд. Аз ҷониби масъулин имкониятҳои сармоягузории мамлакат ва қонунгузории соҳа муаррифӣ гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони 800 ширкату корхонаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ иштирок намуданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»