Дар деҳоти «Ашт»-и ноҳияи Ашт Анҷумани 4 — уми байналмилалии оҳангарон баргузор шуд.
Дар он роҳбарияти ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, оҳангарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ширкат намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Ҷамшед Ҷӯразода ва оҳангар аз шаҳри Қӯқанди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон Абдуфаттоҳ Абдусатторов дар бораи таърихи ин ҳунари аҷдодӣ, ривоҷу равнақи он дар замони муосир мулоҳиза баён карданд. Зикр гардид, ки маҳсули дастони оҳангарони Ашт на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар харидорони зиёд дорад.
Ҷамъияти оҳангарони «Ашт» дар рӯзи баргузории анҷуман ба 50 оилаи камбизоати деҳоти «Ашт» кумаки моддӣ расонид.
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4 июни соли 1877 бо ташаббуси бостоншинос Акрам Аскаров таъсис ёфтааст. Ӯ то соли 1916 сарварии ҷамъиятро бар уҳда дошт. Он вақт ҷамъият 4560 оҳангарро муттаҳид месохт.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»