Ба ин муносибат дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз, аниқтараш, 15 марти соли равон, дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» бо ҳузури Масрур Абдуллозода — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Давлат Сафар — сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Наҷмиддини Шоҳинбод — котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бархе аз сармуҳаррирони воситаҳои ахбори омма ва як гурӯҳ кормандони собиқу имрӯзи рӯзнома ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он, аз ҷумла, зикр шуд, ки вобаста ба сохти сиёсӣ, талаботи давр рӯзнома агарчӣ борҳо тағйири ному алифбо карда бошад ҳам, тағйири марому мақсад ва ҳадафҳои бузурги давлатсозиву миллатсозӣ нанамудааст.
Шахсиятҳои барҷаставу маъруф, минҷумла, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода аз муаллифони фаъоли рӯзнома ба шумор мераванд, ки дар пойдории миллат, шукуфоии кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати мардум саҳми калон гузоштаанд.
- «Ҷумҳурият» тавонист мактаби худро ба вуҷуд орад ва дар тарбияи мутахассисон хизмати бузург ба аҷом расонад, - изҳор дошт Масрур Абдуллозода.
Инчунин қайд гардид, ки рӯзномаро дар солҳои гуногун адибон, рӯзноманигорон, шахсиятҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов, Камол Абдураҳимов ва Муҳаммад Ғоиб сарварӣ кардаанд.
Кунун роҳбарии нашрияро журналист Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф ба уҳда дошта, дар саҳифаҳои он матолиби муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, таҳлиливу таҳқиқӣ ба нашр мерасанд ва ҳафтае панҷ маротиба бо теъдоди 45 ҳазору 550 нусха ба табъ мерасад.
Он рӯз кормандони фаъоли нашрия Сайвалӣ Азизов, Гулистон Мавлонназарова, Манзура Шамсова, Фирӯз Ҷумъаев, Шафоатулло Шокиров, Мансур Абдуғаффоров, Қобиламо Гулҷонова, Зафар Ҳасанов, Фирӯз Немонов, Мунаввар Сафаров, Зулола Бобораҷабова, Бузургмеҳр Салимов, Меҳрона Зувайдова, Зебо Назарова, Фарзонаи Файзалӣ, Лола Ризоева, Комрон Сафар, Меҳрангез Қодирова, Қурбон Бобоев, Раҳматулло Каримов, Хуршед Толибов, Убайдулло Муродов, Мафтуна Бахтибекова, Дилбар Муродова, Лашкар Шарифов, Шариф Раҷабов ва дигарон барои саҳми муносиб дар рушди матбуоти кишвар бо унвонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати фарҳанги кишвар ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Сармуҳаррири рӯзнома Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф, ки тибқи назарсанҷии доирнамудаи Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Сармуҳаррири сол» эълон гардид, дар поёни ҷамъомад изҳор дошт, ки сиёсати созанда ва дастуру раҳнамоии муассисони рӯзнома — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли эҷоди рӯзномаро водор месозад, ки аз минбари баланд ба хотири пойдории давлату миллат, шукуфоии кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа дуруст ва сари вақт истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шумораи аввали рӯзномаи «Ҷумҳурият» 15 марти соли 1925 дар шаҳри Душанбе бо номи «Иди тоҷик» нашр ва дастраси хонандагон гардидааст. Соли 1995 мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифта, аз 14 марти соли 2000 бо Фармони Президенти мамлакат Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
«Садои мардум»