Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Дар заминаи ин иқдом имрӯзҳо дар саросари мамлакат бунёду ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ идома дорад. Бовар дорем, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат корхонаҳои зиёди нави саноатӣ таъсис дода мешаванд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ афзуда, Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар баробари ин, азнавбарқароркунии корхонаҳои саноатии харобгардида низ дар мамлакат шурӯъ гардидааст. Матбааи ноҳияи Рашт аз ҷумлаи чунин корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки солҳои зиёд бекор мехобид. Соли 2012 бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои матбаа таъмиру тармим гардида, барои чопи рӯзномаҳои ин минтақа дастгоҳҳои чопии ҳозиразамон оварда шуда буд, вале дере нагузашта бо сабабҳои гуногун ин дастгоҳҳо аз фаъолият бозмонданд. Аз соли 2015 рӯзномаи ноҳиявӣ дар пойтахт ба табъ мерасид. Дар даҳаи аввали моҳи октябри соли равон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои пайгиронаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ матбаа дубора фаъолияташро оғоз кард.
- Раиси ноҳия дар ҳақиқат марди фарҳангист. Маҳз ӯ тавонист корҳои таблиғотиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, шавқу рағбати сокинони ноҳияро ба мутолиаи маҷаллаву рӯзномаҳо зиёд гардонад. Ҳамин аст, ки солҳои охир сафи обуначиёни рӯзнома ва маҷаллаҳо дар ноҳия афзудааст, — гуфт дар суҳбат сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» Худододи Зайниддин.
Матбааи ноҳияи Рашт акнун имконият дорад, ки на танҳо рӯзномаи як ноҳия, балки рӯзномаҳои ноҳияҳои ҳамсоя, ҳамчунин, китобу маҷалла ва ҳуҷҷатҳои лозимиро барои ташкилотҳои ноҳияҳои водии Рашт бо сифати хуб чоп намояд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»