«Дар муносибатҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, чун бо Афғонистон, омили марбут бо умумиятҳои таърихии мардуми мо мавқеи муҳим дорад. Ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон сол аз сол амиқтару ғанитар мегарданд.
Дар зарфи даҳ соли охир асоси муҳими равобити мо – ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хислати бунёдӣ пайдо намуда, ба сатҳи баландтар баромадааст».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014).
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ 10 сентябри соли 2014 зимни мулоқоти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое ҳаст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи соли 1992 роҳандозӣ гардидаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни кишварҳо аввалин шуда Сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба асоси пойдор барои рушду таҳкими алоқаҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад. Миёни ду кишвар 150 санади байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, алоқа, илм, фарҳанг ва ғайраро дар бар мегирад.
Тақвияти риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Боздидҳои расмию кории сарони ду давлат ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар такони тоза мебахшанд.
Моҳи июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф овард. Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, ки дар рафти сафар ба имзо расид, саҳифаи тозаеро дар муносибатҳои ин кишварҳо боз намуд.
Моҳи майи соли 1997 ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар фарҷоми сафар Баёния дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо гардид, ки он самтҳои асосии муносибатҳои мутақобилаи байни ду кишварро муайян намуданд.
Моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Теҳрон нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот перомуни паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои гуногунҷанба табодули назар сурат гирифт.
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ пайваста рӯ ба инкишоф буда, гардиши мол миёни ду кишвар соли 2013-ум 292,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бунёд ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-2» натиҷаи ҳамкории дуҷониба буда, чархаи якуми иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2011 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 180 корхона, бо сармоягузории соҳибкорони эронӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ғайра фаъолият мекунанд.
Моҳи марти соли 2011 дар Душанбе ва Хуҷанд Рӯзҳои фарҳанги Эрон баргузор шуда буд.
9-11 сентябри соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он нуҳ санад ба имзо расид. 10 сентябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо пахши тугмаи рамзӣ чархаи дуюми НБО-и «Сангтӯда-2» расман ба истифода дода шуд.
Аз рӯйи ҷамъбасти музокирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва бунёд кардани неругоҳҳои барқи обӣ, ки ба рушди минтақа низ таъсири мусбат доранд, мусоидат намуда, таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштаракро дар Тоҷикистон, ташвиқу пуштибонӣ менамояд.
Мо аз он қаноатмандем, ки таи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни кишварҳо панҷ маротиба зиёд шуда, танҳо дар зарфи панҷ-ҳафт соли охир сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бамаротиб афзудаанд.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раванди сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа хизмат кардааст ва минбаъд низ мусоидат хоҳад намуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»