Дар ноҳияи Тоҷикобод мардони номдору заҳматкаш кам нестанд. Мустафо Шукуров аз зумраи онҳост.
Номбурда аз хурдӣ касби омӯзгориро дӯст медошт ва баъди хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил гардид. Баъди хатм ба зодгоҳ баргашт ва ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Байни ҳамдиёрон на танҳо ба сифати омӯзгор, балки чун санъаткору овозхон низ ном баровард. Фориғ аз кор ба шогирдон машқи асбобҳои мусиқӣ ва овозхонӣ медод. Роҳбарияти ноҳия ҳунари ӯро ба инобат гирифта, соли 1997 мудири бахши фарҳанги ноҳия таъин карданд. Он солҳо кор кардан душвор буд. Аксари санъаткорон дилшикаставу ноумед гашта, хоҳиши ба саҳна баромадан надоштанд. Вале Мустафо тавонист онҳоро ба ҳам биёрад.
Инак, соли бисту якум аст, ки ӯ хастагиро ҳис накарда, ба хотири татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Дар зарфи бист соле, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор мегардад, санъаткорони ноҳияи Тоҷикобод на танҳо дар водии Рашт, балки дар ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ, ҷоизаҳои асосии фестивал ноил гардидаанд.
Мустафо китоби дастовардҳои аҳли фарҳанги ноҳияро варақгардон мекунаду ман гӯш ба ҳарфҳои ӯ медиҳам:
- Соли 2000-ум ҷашни 75-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳим Кобулӣ дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид. Соли 2002 консерти дастаи ҳунарии назди бахши фарҳанги ноҳия дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуд. Истеъдод ва ҳунари волои санъаткорони ноҳияро ба инобат гирифта, бо қарори Вазорати фарҳанг дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод ансамбли тарона ва рақси «Баёзи кӯҳистон» таъсис ёфт.
Ба комёбиҳои зиёдтар соли 2003 ноил гардидем. Дар шаҳри Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон фестивали фолклории байналмилалӣ таҳти унвони «Баҳори Бойсун» баргузор гардид, ки аз 28 давлати дунё 56 ансамбли фолклорӣ ширкат варзиданд. Ансамбли «Баёзи кӯҳистон» ҷои аввал ва мукофоти олии фестивалро соҳиб шуд.
Қаҳрамони матлаб зиёда аз 125 оҳанг эҷод намудааст, ки 70-тоаш дар фонди тиллоии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд. Бо санъаткорону композиторони маъруф Файзалӣ Ҳасанов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Раҳматулло Ҳошимов, Амирбек Мӯсоев, Шариф Бедаков, Қудратулло Яҳёев ҳамкорӣ дорад. Замони дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил кардан бо фарзанди ҳофизи мумтоз Одина Ҳошимов Раҳматулло ҳамсабақ буд ва то имрӯз рафтуомади онҳо идома дорад. Шодравон Одина Ҳошимов қатори фарзанди хеш Мустафоро низ панду насиҳат мегуфт.
Рисолати Корманди шоистаи Тоҷикистон Мустафо Шукуров тарғибу ташвиқи фарҳанг аст ва дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо овардани он ӯро миёни мардуми диёраш ва берун аз он соҳиби обрӯ гардонидааст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»