Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 11 июли соли равон чунин иброз намуданд: «Духтарон, пеш аз ҳама, кадбону бояд бошанд. Бонуҳое ҳастанд, ки нону чапотии хуб пухта метавонанд, ҳастанд онҳое, ки хӯроки хуби миллӣ мепазанд. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз чандин намуди ҳунарҳо ва маҳсули онҳо намоиш дода мешаванд. Озмунҳои ҳунармандӣ бояд гузаронида шаванд, марказҳои ҳунармандӣ бояд ташкил дода шаванд. Мақомоти маҳаллӣ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд, ин барои таъсиси ҷойҳои корӣ муҳим аст…»
Рушди ҳунармандӣ аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 чунин таъкид гардидааст: «Бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкории истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем».
Фаъолияти аксари мардум дар деҳот, ки бештари аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, мавсимӣ аст. Илова бар ин, қисми зиёди мардуми деҳот истеҳсолкунанда нестанд, балки ба истеъмолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодакунандагони маснуоти косибӣ табдил ёфтаанд. Яке аз сабабҳои гарон шудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ шояд ҳамин бошад.
Имрӯзҳо кишварҳои пешрафта ихтисосҳоеро ривоҷ медиҳанд, ки ба илмҳои дақиқ нигаронида шудаанд. Дар мадди назар бояд дошт, ки ин раванд барои кишвари мо яке аз афзалиятҳои самти рушд ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар ин самт ба таври мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.
Пӯшида нест, ки бо иқтидор ва имкониятҳои имрӯз дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда ва сатҳи тахассуси мардуми кишвар наметавонем бо кишварҳои пешрафта дар ҷодаи технология рақобат намоем.
Дар баробари дастовардҳои инноватсионӣ, яке аз омилҳои асосӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, бахусус ҳунармандӣ, ба ҳисоб меравад.
Дар ҷумҳуриамон чорабинӣ ва ё иду ҷашне нест, ки дар он молу маҳсулот ва маснуоти ҳунармандӣ ба намоиш гузошта нашавад.
Ҳолатҳое шудаанд, ки барои ҳайатҳои сатҳи гуногун, бахусус барои иштирок дар чорабиниҳои аз тарафи давлат ташкилшаванда, зарурати ба таври фаврӣ ва ё якчанд рӯз пештар ташкил намудани намоишгоҳ ба миён меояд. Дар ин ҳолат, одатан сифати омодасозӣ ва баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи зарурӣ нест. Тавре маълум аст, раванди омодасозӣ, ташкил ва баргузор намудани ин намоишгоҳҳо бо сарфи вақт, маблағ ва қувваи зеҳнию ҷисмонӣ, инчунин ҷалби шумораи зиёди ҳунармандон амалӣ мегардад.
Аз ҷониби дигар, намоишгоҳҳои баргузоршаванда хусусияти муваққатӣ доранд ва самаранокии онҳо барои машғулияти доимӣ, ба даст овардани даромади муътадил камтар аст.
Ҷанбаи дигар ба эътибор гирифтани маҷмӯи арзишҳои маҳсули эҷоди ҳунармандон ба ҳисоб меравад. Эътироф бояд кард, ки дар аксар маврид танҳо ба арзиши таърихию фарҳангии бештари молу маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, ба моҳият ва арзиши истеъмолию манфиати иқтисодии онҳо эътибори ҷиддӣ дода намешавад.
Аз назари мо, дар ҷумҳурӣ эҷоди фишанге, ки дар маҷмӯъ тавонад барои ҳалли ин ва дигар ҷанбаҳои масъалаи мазкур мусоидат намояд, лозим аст. Дар ин замина, таъсис додани шаҳракҳои ҳунармандон (воҳиди шартӣ меномем) ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ин гуна воҳиди шартӣ чаро лозим аст ва он чӣ гуна метавонад фаъолият намояд?
1. Дар он ҳунармандони ҳама самтҳо — хӯрокворӣ, косибӣ, оҳангарӣ, дуредгарию чӯбтарошӣ, дӯзандагию гулдӯзӣ, бофандагӣ сарҷамъ мешаванд.
2.Онро дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва пеш аз ҳама, дар шаҳру ноҳияҳои дорои аҳамияти таърихию сайёҳӣ метавон ташкил намуд.
3. Дар ин макон меҳмонону сайёҳон на танҳо бо технологияи коркард ва тавлиди маҳсулот шинос мешаванд, балки ба онҳо имконияти иштирок дар ин раванд дода мешавад. Барои онҳо дар баробари боздид аз зебогиҳои табиату дастовардҳои мамлакат, шиносоӣ бо муҳит, ашё, анъана, технологияҳои коркарди молу маҳсулоти миллию маҳаллӣ мустақиман дар мавзеи тавлид ва харидории онҳо низ метавонад ҷолиб бошад.
4.Барои молу маҳсулоти дорои таъиноти истеъмолии дар ин ҳудуд истеҳсолшуда ва хизматрасониҳои дар он анҷомдода маҷмӯи васеи имтиёзҳо пешбинӣ бояд шавад.
5. Дар маҷмӯъ, мавзеи мавриди назар макони асосии шиносоии сайёҳон ва шаҳрвандони мамлакат бо молу маҳсулот буда метавонад.
Аз ин рӯ, Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ бояд дар ин ҷода иқдом намояд. Имрӯзҳо маҳсули дасти истеъдодҳои мардумии мо — ширинӣ, маҳсулоти нонӣ, либоси миллӣ, молҳои рӯзгор, маҳсули заҳмати оҳангарон, дуредгарон, косибон бисёр пароканда, дар ҳаҷми кам дар гӯшаҳои бозор ҷойгир шудаанд. Баъзан ин молҳо танҳо дар намоишгоҳҳо ё вобаста ба ҷашну чорабиниҳо ба тамошо гузошта мешаванду халос. Фурӯши онҳо ба таври мунтазам ба роҳ монда намешавад. Танҳо баъзе аз мағозаҳои алоҳида номгӯйи маҳдуди маҳсулот ва маснуоти маҳаллии баъзе минтақаҳоро пешниҳод менамоянд. Баръакс, молҳои хориҷӣ бо нақшҳои миллии мо ба таври оммавӣ хариду фурӯш мешаванд.
Бо иқдоми Пешвои миллат имрӯз дар кишвари мо ҳунармандони бахшҳои гуногун, аз ҷумла истеъдодҳои нодир бо фаъолияти қобили таваҷҷуҳ ва ҷавобгӯйи ниёзи дохил ва хориҷи кишвар рӯи кор омаданд, ки ин шоистаи ситоиш аст. Натиҷаи чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо нисбат ба пос доштани меросу анъанаҳо ва маҳсули эҷоди мардумист, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳунарҳои мардумӣ бомаром эҳё гардидаву рушд меёбанд ва шумораи ҳунармандон мунтазам зиёд мегарданд. Бунёди шаҳракҳои ҳунармандӣ идомаи мантиқии ин раванд буда, ба вусъати бештари он мусоидат хоҳад кард.
М. Зуҳриддинова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти ибтидоии №109, шаҳри Ҳисор,
А. ҶӮРАЕВ, сокини шаҳри Ҳисор