Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ шуморида шуда, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани онҳоро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон мустаҳкам намудааст. Дар ин замина, боби 2-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 14 то 47-ро дар бар гирифта, қисми марказӣ, яъне ҷавҳари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро — дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ташкил медиҳад.
Аз ҷумла дар моддаи 14-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Моҳияти ин муқаррароти Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат барои амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахс шароит фароҳам меорад ва дастгирии ҳамаҷониба мекунад.
Бинобар ин, татбиқи пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамоҳангӣ ва ҳамиштирокии давлат ва шахсро дар ин самт тақозо мекунад.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бояд ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ эътироф, риоя ва ҳифз намоянд. Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, ин талаботро ба эътибор гиранд. Фаъолияти онҳо дар ягон ҳолат набояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро халалдор созад ё маҳдуд намояд.
Дар сурати бевосита амалӣ нашудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд онҳо бо воситаи ҳокимияти судӣ бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд. Таъмини риоя ва бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо маънои онро надорад, ки дар ҳеҷ гуна ҳолат ин ҳуқуқу озодиҳо маҳдуд карда намешаванд. Дар Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои истисноие пешбинӣ мегардад, ки дар натиҷаи мавҷуд будани онҳо давлат метавонад ҳуқуқу озодиҳои шахси алоҳида ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро маҳдуд намояд.
Дар сурати мавҷудияти чунин ҳолатҳо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон иҷозат дода мешавад: -таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бо мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо бо қонунҳои миллӣ, инчунин бо воситаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд. Ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Протоколи факултативӣ ба Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва монанди онҳо ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон ва шаҳрванд, озодиҳои онҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт эълон намуда, давлатҳои аъзоро уҳдадор менамоянд, ки дар қонунҳои миллӣ ба онҳо кафолат диҳанд.
Дар моддаи 17–уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Муқаррароти моддаи мазкур ба моддаҳои 2 ва 14 –уми Эъломияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд, мазмунан мувофиқат мекунад. Дар қисми дуюми ин модда барбарҳуқуқии занон ва мардон баён гаштааст, ки дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар ҳама гуна фаъолият мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Инчунин барои таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» қабул гардидааст.
Мувофиқи моддаи 18-уми Конститутсия, ҳар шахс ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷиноятҳои махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад, ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад.
Ба ғайр аз ин, дар моддаҳои дигари Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд нишон дода шудааст. Ҳуқуқ ба маълумот яке аз кафолатҳои конститутсионии шаҳрванд ба ҳисоб меравад, ки дар моддаи 41-уми Конститутсия дарҷ гардидааст. Маълумоти миёнаи умумии асосӣ ҳатмист ва ройгон сурат мегирад. Илова бар ин, барои монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ, ба ҳар тарзе ки бошад, мувофиқи моддаи 164-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба манзил дар Конститутсия ифода ёфта, тибқи Кодекси манзил ва қонунгузории амалкунанда кафолат дода мешавад. Мувофиқи моддаи 147-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вайрон намудани дахлнопазирии манзил, яъне ғайриқонунӣ даромадан ба манзил бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Ҳамин тавр бояд зикр намуд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро инъикос намуда, онҳоро кафолат медиҳад. Дар таҷриба ду механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд вуҷуд дорад: механизми миллӣ ва байналмилалӣ.
Дар механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳои онҳо тавассути мақомоти дохилидавлатие, ки фаъолияташон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст, амалӣ карда мешавад.
Дар механизми байналмилалӣ бошад, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тавассути мақомот ва ташкилотҳои байналмилалие, ки фаъолияти онҳо бевосита баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон равона шудааст, амалӣ карда мешавад. Масалан, суди байналмилалӣ ва ғайра.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, санади созиши иҷтимоӣ, муайянкунандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва адолат мебошад. Он дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ оғоз гардида, самтҳои рушди он аз нигоҳи ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.
Сарвбону ФАРҲОДОВА, мудири кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон