Унвони баланд самараи арҷгузории халқ аст

№5 (3485) 12.01.2016

Қабулу ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби намояндагони халқ миёни мардум ҳамовозии зиёдеро ба амал овард.

Ин иқдом байни коркунони соҳаи кишоварзӣ низ мавриди дастгирии  якдилона қарор гирифт. Таҳти раёсати сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва  химикунонии кишоварзӣ»- и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадӣ Ормонов дар робита ба ин ҷамъомаде баргузор шуд. Дар он зикр гардид, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузории халқу миллат ба хизматҳо ва ҷоннисориҳои ӯ барои ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ, ободии диёр мебошад. Ба ин гуфтаҳо иштирокдорон ҳамовоз гардида, иброз доштанд, ки Пешвои миллати мо дар миқёси ҷаҳон низ соҳиби обрӯву эҳтироми хоса мебошад ва мо бояд дар атрофи ин абармарди миллат муттаҳидтар  гардем.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова ин рӯйдодро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Абдуманнон САИДМУРОДОВ, мутахассиси Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон