1 октябри соли ҷорӣ Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид.
Дар он оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки танҳо дар мавриди таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмиҳои хушсифат имкон фароҳам меояд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат — амнияти озуқаворӣ амалӣ гардад. Бинобар ин, истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ бояд ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Бино ба иттилои Умед Зоҳирзода, дар вилоят 42 хоҷагии тухмипарварӣ мавҷуд мебошад, ки вазъи кунунии онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Талаботи хоҷагиҳо ба тухмии хушсифат то 35 фоиз таъмин карда мешавад. Баъзе аз ноҳияҳои вилоят, ки хоҷагии тухмипарварӣ таъсис надодаанд, онро аз дигар ҷо харидорӣ ва захира менамоянд.
Вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки танҳо бо роҳи истеҳсол ва захира намудани тухмии хушсифат ташкили боғи меваҳои содиротӣ, гармхонаҳои доимоамалкунанда ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ноил шудан мумкин аст.
Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 — 2021» гуфт, ки чун дар кишвар масъалаи пешрафти соҳаи маориф тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми аввалро касб мекунад, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, сохтмони таълимгоҳҳо, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот нақши калидӣ дорад.
- Дар вилоят 21 муассисаи таълимӣ дар вагонҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд, ки боиси таассуф аст. Дар баъзе аз ноҳияҳо то ҳанӯз ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ дар се баст ҷараён дорад. Аз ин хотир, дар аксар ноҳияҳо мувофиқи нақша бояд иншооти соҳаи маориф сохта, ба истифода дода шаванд. Вале бо сабабҳои ҷудо нагардидани қитъаи замин ва маблағҳои зарурӣ кор роҳи ҳал пайдо накардааст. Дар доираи барномаи марбута 39 иншооти нақшавӣ бунёд гардидааст, ки қонеъкунанда нест, — афзуд Махфират Хидирзода.
Инчунин, доир ба масъалаҳо «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ҳисоботи сардори Раёсати зиддиинҳисории вилояти Хатлон Фирӯз Юсуфзода шунида шуд.
Дар фарҷом доир ба тағйир додани номи баъзе аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳаю маҳаллаҳои ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав ва Ёвон қарор қабул гардид.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»