Таъсири манфии тағйирёбии иқлим боиси вайроншавии низоми табиати сайёра гардида, ба пайдоиши мушкилоти дигар низ мусоидат мекунад. Ҳарчанд таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар манотиқи мухталифи кураи арз ба таври гуногун ба назар мерасад, вале дар раванди мазкур аз ҳама бештар ноҳияҳои кӯҳсор осеб мебинанд.
Яке аз сарватҳои нодири бархе навоҳии кӯҳсор ва манбаи асосии оби нӯшокӣ дар манотиқи хушкӣ пиряхҳо буда, обшавии босуръати онҳо оқибати бармалои тағйирёбии иқлим мебошад. Пиряхҳо, ки бузургтарин манбаи оби ширин дар сайёраи Замин буда, дар маҷмуъ, майдони андозаашон баробар ба масоҳати Амрикои Ҷанубӣ (Лотинӣ)-ро ишғол мекунад, пас аз анҷоми давраи яхбандии хурд (соли 1850) инҷониб таназзул ёфта истодаанд. Мутаассифона, давоми даҳсолаҳои охир обшавии пиряхҳо суръати бесобиқа касб кардааст.
Зиёда аз ин, дурнамои тағйирёбии иқлим то интиҳои асри XXI суръати обшавии пиряхҳоро тақвият бахшид. Мувофиқи мушоҳидаҳои метеорологӣ, ҳарорати миёнаи сатҳи сайёра тақрибан ба 15°С расидааст, ки баландтарин нишондиҳандаи ҳарорат давоми 3 млн. соли охир мебошад. Аз ин рӯ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 1 млн. тонна ях об мешавад, ки ба пайдоиши тӯфон, обхезӣ ва дигар офатҳои марбут ба обуҳаво ва иқлим боис гардида, сабабгори хисороти шадиди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодӣ мешавад. Тибқи ҳисоби Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) ва Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP), раванди таназзули заминҳо бо суръати 6,9 млн. га/сол ҷараён дорад. Фарзи мисол, дар минтақаи Осиё зиёда аз 1,4 млрд. га замин зери хатари биёбоншавӣ қарор дошта, дар қитъаи Африка беш аз 1 млрд. га (73% заминҳои лалмӣ) аз биёбоншавӣ таъсири ҷиддӣ мебинанд.
Бо назардошти ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки 3 марти соли 2021 баргузор гардид, оид ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳолат ва дурнамои пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор чунин ибрози андеша намуданд: «Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд. Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд».
Мувофиқи тадқиқоти олимон, обшавии пиряхҳои Гренландия, ки пас аз Антарктида дуюмин майдони яхбандии калонтарини сайёра ва бо масоҳати 1 710 000 км2 дар якҷоягӣ аз Фаронса, Испания ва Олмон калон мебошад, давоми 200 соли охир сатҳи оби Уқёнуси ҷаҳониро аз 48 то 160 см боло мебардорад. Агар ин тамоюл густариш ёбад, то интиҳои садсолаи XXI на танҳо инфрасохтори наздисоҳилии Арктика (бандарҳо, фурудгоҳҳо, роҳҳо), балки тамоми шаҳрҳои наздисоҳилӣ зери об монда, ҳолати мазкур зиндагии 400 млн. нафар аҳолии сайёраро хароб менамояд. Мувофиқи пешгӯии олимони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, то соли 2050 ҳадди ақал 25% инфрасохтори шаҳрҳои шимолии Россия хароб гардида, хисорот аз ҳисоби обшавии қитъаҳои яхини доимӣ ва партови газҳои гулхонаӣ дар Аляска (ИМА) то соли 2099 ба 5,5 млрд. доллар мерасад.
Аз рӯйи арзёбиҳои олимон, давоми даҳсолаҳои охир пиряхҳои Арктика (ба истиснои Скандинавия ва Исландия) коҳиш ёфта истодаанд, ки ин раванд ба тамоюли мусбати ҳаҷми боришот мусоидат намудааст. Суръати обшавии пиряхҳои Арктика дар охири солҳои 90-уми асри XX афзоиш ёфта, майдони обшавӣ аз 100 км2 (солҳои 1980-1989) то 320 км2 (1997) ва 540 км2 (1998) васеъ гардидааст.
Бино ба маълумоти Барномаи мониторинг ва арзёбии Арктика (AMAP), давоми солҳои 1971-2019 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Арктика 3,1°C афзудааст, ки нисбат ба қимати миёнаи ҷаҳонӣ се маротиба тезтар аст. Дар ин давра тағйирёбии бузургтарини ҳарорат дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ моҳҳои октябр-май (4,6°С) мушоҳида гардида, нуқтаи баландтарини гармшавии ҳаво (10,6°С) дар шимолу шарқи баҳри Барентс ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи мушоҳидавӣ баландшавии гармиҳои аз меъёр зиёд ва пастшавии сардиҳои шадид бармало ба назар расида, солҳои 2000-2019 хунукиҳои қаҳратун на бештар аз 15 рӯз ба қайд гирифта шудааст. Ангораи амсилаҳои глобалии иқлим (CMIP6) нишон медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Арктика вобаста аз ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ то соли 2100 нисбат ба қимати миёнаи солҳои 1985-2014 ба андозаи аз 3,3 то 10°C боло меравад. Тибқи далелҳо боришоти солона дар Арктика солҳои 1971-2019 беш аз 9% зиёд шуда бошад ҳам, бориши борон 24% афзуда, тамоюли умумии бориши барф мушоҳида нагардидааст.
Мувофиқи мушоҳидаҳои олимон, коҳишёбии зиёдтарини пиряхҳо нисбат ба ноҳияҳои қутбӣ дар қаторкӯҳҳои арзҳои муътадил ва тропикӣ, чун Помир, Тиёншон, Ҳимолой, Қафқоз, Анд, Алп, Калиманҷаро ва Кордилер, ба назар мерасад. Масалан, тибқи ҳисоботи «Арзёбии Ҳиндукуш дар Ҳимолой», ки натиҷаҳои тадқиқоти маҷмуии глятсиологӣ (яхшиносӣ)-ро фаро мегирад, то интиҳои асри XXI аз се ду ҳиссаи пиряхҳои минтақа нобуд мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки ин гузориш пас аз гузоришҳои Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим нахустин пажӯҳиши бонуфузу эътимодноки байналмилалӣ буда, натиҷаи фаъолияти муштараки панҷсолаи зиёда аз 350 муҳаққиқу коршинос аз 22 кишвар ва узви 185 созмон мебошад. Аз ин рӯ, ҳисоботи «Арзёбии Ҳиндукуш дар Ҳимолой» эътимоднок буда, тибқи пешгӯии он раванди обшавии пиряхҳои Ҳимолойро, ки манбаи муҳими об барои 250 млн. нафар аҳолии навоҳии кӯҳсор ва 1,65 млрд. нафар сокинони водию ҳамвориҳои минтақа мебошанд, ҳатто ҳадафи ниҳоии Созишномаи иқлимии Париж, яъне маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то 1,5°С-ро боздошта наметавонад. Агар гармшавии глобалии иқлим ва партови газҳои гулхонаӣ бо суръати кунунӣ идома ёбанд, он гоҳ ҳарорат дар Ҳимолой то соли 2100 метавонад то 4,4°С гарм шавад.
Аз рӯйи пажӯҳиши Маркази байналмилалии рушди ҳамгирошудаи кӯҳсор (ICIMOD), обшавии босуръати пиряхҳо дар баландтарин системаи кӯҳии ҷаҳон – Ҳимолой, ки чоряки аҳолии кураи арзро таҳдид менамояд, боиси обхезиҳои шадид ва ярчҳои азим дар массивҳои баландкӯҳи минтақа (аз Афғонистон то Мянма) гардида, захираи оби ширинро дар 12 дарёи бузург, ки аз 16 кишвари сераҳолии Осиё ҷорӣ мешавад, якбора коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, маълумоти ICIMOD нишон медиҳад, ки пиряхҳо ба андаке болоравии ҳарорат хеле ҳассос буда, агар партови газҳои гулхонаӣ сари вақт коҳиш дода нашавад, офатҳои табиии марбут ба гармшавии иқлим бештар мегардад.
Марҳилаи асосии обшавии пиряхҳои минтақа солҳои 2011-2020 буда, дар ин давра, дар муқоиса ба ду даҳсолаи қабл 65% вусъат ёфтааст ва бо чунин тамоюл онҳо метавонанд дар интиҳои асри ҷорӣ 80% ҳаҷми имрӯзаи худро аз даст диҳанд. Ҳамчунин, гузориши «Об, ях, ҷомеа ва экосистемаҳо», ки дар асоси дастовардҳои охирони илмӣ таҳия гардидаву аз панҷ бахш иборат аст, бори нахуст робитаи байни криосфера, об, гуногунии биологӣ ва ҷомеаро дар мисоли минтақаи Ҳиндукушу Ҳимолой нишон медиҳад. Тибқи маълумоти гузориш, ҳарорати миёнаи ҳаво давоми солҳои 1951-2020 дар тамоми минтақа афзуда, тамоюли афзоиши он барои ҳар даҳсола +0,28°С-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати ҳаво барои ҳар даҳсолаи давраи мушоҳидавӣ аз +0,15°C то +0,34°C (барои ҳавзаҳои алоҳида) тағйир ёфта, тамоюлоти баландтарини он дар доманакӯҳҳои Тибет, ҳавзаи дарёҳои Браҳмапутра, Амударё ва саргаҳи Меконг, Янсзи ба қайд гирифта шудааст. Тамоюли боришот бошад, ба истиснои навоҳии баландкӯҳи ҳавзаи Тарим ва баъзе манотиқи ҳавзаи Ганг, дар тамоми Ҳиндукушу Ҳимолой коҳиш ёфта, камшавии назаррас дар ҳавзаи дарёҳои Зард (Хуанхэ), Иравади ва Браҳмапутра мушоҳида карда шудааст. Дар маҷмуъ, боришот дар ҳавзаи 12 дарёи бузурги минтақа барои ҳар даҳсолаи давраи 1951-2020 аз -3% то +3% тағйир ёфтааст.
Тибқи ҳисобҳои Маркази миллии иттилооти экологии (NCEI) Идораи миллии тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи (NOAA) ИМА, ки хисороти офатҳои табииро аз соли 1980 инҷониб арзёбӣ намуда, сабаби пайдоиши онҳоро тағйирёбии иқлим унвон кардааст, теъдоди офатҳои арзиши хисороташон беш аз 1 млрд. доллар давоми 40 соли охир афзоиш ёфта, аз се офат дар соли 1980 ба 13 ҳодиса дар соли 2010 расидааст. Мувофиқи ҳисоботи мавҷуда 43% офатҳои табиие, ки беш аз миллиард доллар хисорот овардаанд, солҳои 2010-2022 рух додаанд. Дар миқёси сайёра агар солҳои 80-уми асри XX соле 100-120 офати табиӣ рух медод, аз соли 2000-ум инҷониб тӯфон, обхезӣ ва дигар офатҳои гидрометеорологӣ ҳамасола панҷ маротиба зиёд шудааст.
Ҳамин тавр, таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар шакли кам шудани боришот дар фасли сармо, зиёдшавии рӯзҳо бо ҳарорати аз меъёр баланд, чангу ғубор ва инчунин, обшавии босуръати пиряхҳо – сарчашмаи асосӣ ва ҷузъи муҳими ғизодиҳии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мушоҳида мешавад. Яъне, обшавии пиряхҳо ҳамчун мушкилоти глобалии экологӣ, маҳз дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим ба амал меояд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар афзоиши ҳарорати ҳаво, кам шудани боришот ва тағйир ёфтани амплитудаи бузургиҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид карданд: «Вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Ман пиряхи Федченкоро, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, дар назар дорам».
Бузургтарин пиряхи минтақа ва калонтарин пиряхи кӯҳию водигии ҷаҳон – Ванҷях айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Зимни тадқиқот муайян шуд, ки солҳои 1976-1991 дар қисми поёнии Ванҷях 15м ва аз соли 1976 то соли 1980 ҳар соле 2,3 м фурӯ нишаста, баъдтар фурӯнишинӣ камтар гардида, дар давоми як сол ба 0,5 м расидааст. Агар соли 1979 ғафсии забони Ванҷях ба 40-50 м баробар буд, соли 1998 ҳамагӣ 20-25 метрро ташкил дод. Дар баробари ин, тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои нисбатан хурд низ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Мувофиқи пажӯҳиши олимони тоҷик, майдони пиряхи №583 (ҳавзаи дарёи Мурғоб) дар соли 1976 ба андозаи 0,17 км2 ва то соли 2018 ба миқдори 0,28 км2 коҳиш ёфтааст. Натиҷаи ченкуниҳо нишон медиҳанд, ки дарозии пиряхи мазкур давоми солҳои 1976-2018 ба ҳисоби миёна 139 м кӯтоҳ шудааст. Тибқи мушоҳидаҳои метеорологӣ дар минтақае, ки пиряхи №583 воқеъ гардидааст, давоми ин солҳо ҳарорати ҳаво 0,9°С афзуда, боришот 23,1 мм (28%) коҳиш ёфтааст.
Аз далелҳои болозикр бармало мегардад, ки гармшавиҳои глобалӣ ва локалии иқлим ба пиряхҳои тамоми навоҳии яхистони сайёраи Замин, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири манфии амиқ дорад. Дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо мушоҳида гардида, ҷиҳати пешгирии раванди мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ба тасвиб расидааст. Барои татбиқи барномаи мазкур Ҳукумати кишвар 25367 000 сомонӣ ҷудо намудааст. Ин ҳама далели таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми навбатии ҷаҳонии худро, ки бевосита ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст, пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонданд. Воқеан, иқдоми мазкур, чун ташаббусҳои қаблӣ, дар асоси далелҳои мушаххасу дақиқи илмӣ рӯйи кор омада, ба самти ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ равона гардидааст, ки дар асоси ташаббуси панҷуми Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-ум 14 декабри соли 2022 қатъномаи навбатиро таҳти унвони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин иқдом ҳушдоре буд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бедор сохт ва бетараф нагузошт. Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Қабули чунин як қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии тоҷикону тоҷикистониён маҳсуб мешавад.
Номвар ҚУРБОН,
номзади илмҳои техникӣ