Ҳар инсонро сарнавишту саргузашт аст, ки аслану азалан танҳо ба ӯ тааллуқ дорад. Вобастаи ӯст, ки онҳоро чӣ гуна месозад — оғоз мебахшад, идома медиҳаду ба поён мерасонад ва зоҳиран касе ин ҷараёнро дигаргун кардаву тағйир дода наметавонад.
Лекин амри маъруфе низ ҳаст, ки «дар ҷомеа зиста, аз ҷомеа берун будан имкон надорад». Одам дар тӯли умр ба садҳо, шояд ҳазорон нафари дигар вомехӯрад, ҳамроҳу ҳамкор мешавад, додугирифтҳои моддиву маънавӣ мекунад ва ин ҳама ба тақдири ӯ бетаъсир буда наметавонад. Ҳамин тариқ, инсонҳо, тибқи барномаи олии азалие, ба саргузашту сарнавишти ҳам ворид гашта, на танҳо дар сурат гирифтани он ширкат меварзанд, балки нақшҳои бешу кам муҳим бозида, гоҳе ҷузъи ҷудонопазири он мешаванд.
Амиршо Миралиев. Ин номро ман хеле барвақт шунида будам, чунки як ҳиссаи умри ҷавониам дар хидмати рӯзномаҳои пионериву комсомоливу коммунистӣ сипарӣ гаштааст. Ӯ фаъоли ин ниҳодҳо буд ва хоҳ — нохоҳ ба ин ё он муносибат дар маҷлису маҳфилҳо ва нишасту суҳбатҳо зикру тавсиф мешуд. Фаъолияти давлатмардии ӯ, бахусус, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфт, махсусан, ҳангоми фаъолияти пурсамар дар вазифаҳои раиси вилояти Хатлон, Мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат вирди забонҳо буд.
Ошноии бевоситаи мо ба давраи фаъолияти қаҳрамони ин сатрҳо дар вазифае, ки дар охир номбар шуд, алоқаманд аст. Соли 2010 бо пешбарии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон камина ҳам вакили парлумони кишвар интихоб гардидам. Дар байни интихобшудагон Амиршо Миралиев ҳам буд, табиист, ки чун собиқадори корҳои муҳими давлатӣ дар байни ҳайати нави депутатӣ мақому нуфузи воло дошт ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон баргузида шуданаш далели равшани ин аст. Ба ин сифат дар ҷо ба ҷо намудани ҳайат, ҳалли проблемаҳои кориву иҷтимоии вакилон, танзими кори кумитаву комиссияҳо, пешниҳоду қабули лоиҳаи қонунҳои воқеан барои ҷомеа муҳим — умуман, дар ташкили фаъолияти Маҷлиси намояндагон саҳми арзишманд гузошт.
Чун ходими намоёни давлат ҷиддияту масъулият, андешаи амиқу дасти расо дошт ва аксаран ҳамкорон барои ҳалли мушкилашон ё маслиҳату машварат ба ӯ муроҷиат мекарданд.
Ман, самимона машғули кори ҷолибу омӯзандаи вакилӣ шуда, ростӣ, мекӯшидам, ки камтар пеши чашми роҳбарият ҷилва кунам. Лекин аз назару манзури корманди масъули давлатӣ, ки ҳама умр бо кадрҳо сарукор доштааст, касеву чизе пинҳон намемондааст.
Рӯзе ёвари муовини якум занг зад, ки «Раис шуморо мепурсанд». Қабулгоҳ пур аз шиносу ношинос буд. Амиршо Миралиев ба навбат онҳоро қабулу гусел мекард, аз паси дар гоҳе садои қатъиву омирона ва гоҳе ҳазлу хандаҳои хосаш ба гӯш мерасид.
Маро ҳам, аз паси мизи кор баромада, гарму самимӣ пешвоз гирифт, аҳвол пурсид, аз нақшаву натиҷаҳои кор огоҳ шуд ва ногоҳ саволҳо дод, ки чанд бача дорам, хона дорам, шароити манзилам чӣ гуна аст? Оқибат ба сари мақсад омад, ки гурӯҳи вакилон ширкати саҳомие таъсис дода, мехоҳанд аз ҳисоби худ бино сохта, соҳиби манзили дилхоҳ шаванд ва таклиф кард, ки ман ҳам дар ин кор шарик бошам. Забон хоидам, ки имконият нест ва фалону бисмадон. Гуфт, ки «аз хешу табор, ёру ҷӯраҳоят қарз гир!». «Чунин хешу табору ёру ҷӯра надорам, — гуфтам. — Ин қадар пулро кӣ медиҳад?». «Э шоир, баъд пушаймон мешавӣ, бефоида! О, чор бача дорӣ, дутааш оиладор будааст, дар як чорхонагӣ чӣ хел зиндагӣ мекунӣ? О, шароит набошад, чӣ хел шеър менависӣ?.. Ман номатро дар рӯйхат менависам, ту раву аз пайи кор шав, аз банк қарз бигиру ояндаи бачаҳоятро фикр бикун!».
Суханони охиринро чунон қатъиву омирона ва муҳимаш, он қадар пуртаъсиру дилсӯзона гуфт, ки ба қавле, аз чашмам об баромаду бетаъхир аз пайи «кор» шудам.
Хеле андешидам, ҷамъу тарҳ кардам, дахлу харҷамро пеши рӯ овардам ва далели охирини ҳамсуҳбатам — ояндаи бачаҳо маҷбурам кард, ки ба қарори қатъие биёям. Аз бонк қарзи кироӣ гирифта, узви ширкат ва баъди як-ду сол соҳиби хонаи хубе шудам. Қарз маҷбурам кард, ки пуркортару пурталоштар бошам, бо нашрияҳо, нашриётҳо, театрҳову ҳофизон бештар ҳамкорӣ кунам, афзунтар шеъру суруд бинависаму машғули тарҷумаи бадеӣ бишавам, то даромади зиёдтар ба даст оварда, ҳам моҳ ба моҳ қарзу фоизашро бисупораму ҳам зиндагиро пеш барам.
Дар ҳақиқат, чунон ки ҳамкори бузургу пуртаҷрибаам таъкид кард, он азобҳо гузаштанду хона дар фоида монд, шароити зиндагии фарзандон хеле хубтар шуд, рӯҳияашон болидатару корҳояшон пешравтар гардид.
Бовар дорам, ки ҳангоми кор дар вазифаҳои баланди давлатӣ Амиршо Миралиев ба садҳо нафар чунин хубиҳо кардааст, садҳо дастро гирифтаву садҳо дилро бардоштааст. Дар ҳама кору амал ҷонибдору амалисози сиёсати инсондӯстонаву ватанпарваронаи Пешвои миллат аст, ки байни аҳдофи бузурги бунёди давлату миллати нав ва дастгириву дилбардории ҳар фарди ҷомеа ягон тафриқа намегузорад. Ҳамроҳаш дар бисёр суҳбату маҳфилҳо будам ва шоҳидам, ки ҳамеша чун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якроҳу якрӯ, ватанхоҳу миллатдӯст, пуркору заҳматкаш ва фарзанди арзандаи халқ буданро тарғибу ташвиқ менамуд.
Ин ҳама хиштҳои тиллоии ҳаёти ӯянд, ки бинои ҳастиашро гарму рӯшантар ва пуршукӯҳтару пойдортар мекунанд. Ҳафтоду панҷ соли умраш ҳафтоду панҷ зинаест, ки бо онҳо баланд шудаасту ба садҳо нафар мадад кардааст, ки по ба зинаҳои баландтари кору рӯзгор бигузоранд.
Ин ҳамкори кордону инсони заминӣ бо ҳамон лаҳзаи муҳим, бо хонаи гарму рӯшани бачаҳоям ба саргузашту сарнавишти ман ворид шуд ва ҳамеша чун ҷузъи гуворо дар он мемонад. Ба қавли шоир:
Ҳар кӣ бад кард, рафт аз хотир,
Некии ту намеравад аз ёд!
Низом ҚОСИМ,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон