Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш шахсиятҳоеро парвардааст, ки бо қаҳрамонӣ ёд мешаванд. Исми муборакашон дар саҳифаҳои таърихи миллат бо хатҳои заррин сабт шудааст. Ин гуна шахсиятҳо дар ҳамаи давру замон умр ба сар бурда, барои насли ояндаи миллати хеш аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ мондаанд.
Мутаассифона, нафароне низ ҳастанд, ки худро ба «ном» «Ватандӯст» муаррифӣ намуда, аз номи миллат сухан мекунанд, худро ҳомии манфиатҳои миллӣ метарошанд, ба исми мубораки қаҳрамонони аслӣ ва мардони сарсупурдаи миллати бофарҳанги тоҷик иснод меоранд.
Дар миёни ин гуна ашхос Додоҷони Атовулло (Атовуллоев Додоҷон), рӯзноманигори дасисабоз, сардабири собиқ ҳафтаномаи «Чароғи рӯз», роҳбари ҳаракати иғвоангези «Ватандор» мавқеи худро дорад.
Барои ифшои симои ҳақиқии ӯ бидуни ягон ғарази шахсӣ ва ё сиёсӣ овардани чанд иқтибосеро аз суханони рӯзноманигор Владимир Захватов мувофиқи мақсад медонем.
Ман, — мегӯяд номбурда, — Додоҷон Атовуллоевро шахсан ва аз дер боз мешиносам. Вақте ки дар Душанбе ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва мардуми рус тӯда-тӯда ҳамчун гуреза ба Россия фирор карданд, ҳамон вақт бисёре аз фирориҳо таъкид намуданд, ки маҳз Атовуллоев муаллифи шиори «РУСҲО, НАРАВЕД, МО ШУМОРО ҒУЛОМ МЕКУНЕМ» буд.
Бе пули хадамоти махсуси Ғарб Додоҷон ҳаргиз наметавонист рӯзномаи худ-«Чароғи рӯз»-ро ба нашр расонад. Дар омади гап, барои рӯзномааш ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон дар назди дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ навбат қатор намешуд. Ман нақши таърихии Додоҷон Атовуллоевро дар таърихи Тоҷикистон хуб медонам, аммо намефаҳмам, чаро дигарон ба ӯ фурӯхта шудаанд. Атовуллоев ба ҷумлаи он исломиҳое дохил мешуд, ки мехостанд на фақат дар Тоҷикистон давлатро бар пояи шариати исломӣ созанд, балки давлате барпо намоянд, ки ҳаммонанди Афғонистон бошад. Магар худи Атовуллоев нагуфта буд, ки дар Тоҷикистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 80 нафар журналистон кушта шудаанд. Ҳатто ба оилаи ман низ ин бало таъсир кард. Тағои ман-ронандаи оддии деҳотиро исломиҳои тундгаро ба гарав гирифта, пора-пора карданд, вақте ки дигар ҳоҷат ба нигаҳдории гаравгонон намонда буд. Писархолаамро, ки модараш русу падараш тоҷик буд, ваҳҳобиҳо (хонандагони «Чароғи рӯз») дар шаҳри Душанбе шабона дар кӯча бо корд зада куштанд, чунки ӯ, бо симои тоҷикӣ натавонист ба онҳо бо забони тоҷикӣ ҷавоб гардонад. Зимнан, он дастаи исломии тундгаро, ки Атовуллоев низ ба он шомил буд, дар ҷануби Тоҷикистон қатли оми этникиро роҳандозӣ намуданд, ҳазорҳо ӯзбекро сар буриданд!!!
Барои ман бисёр аламовар аст, ки «револютсионер» Атовуллоев муддати бештар аз бист сол бо грантҳои хориҷӣ зиндагӣ намуда, баъзе шахсони дигарро низ ба гумроҳӣ бурдааст, мағзи онҳоро бо суханҳои нодаркор гиҷу гаранг мекунад.
Вақте ки рӯзноманигор Атовуллоев бо пулҳои Ғарб Тоҷикистонро бадном мекунад, ӯ қаҳрамон буда наметавонад. Вай фақат як журналистаки фурӯхташуда аст! Мана иқтибос аз мусоҳибае, ки се сол пеш ман бо рӯзноманигори «Азия-плюс» анҷом дода будам. Ва ногуфта намонад, ки Додоҷон маро ба суд надод, ҳол он ки дар бораи ин мавод огоҳии хуб дошт. «Ман матбуоти тоҷикро бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ мехонам. Вале бояд ботаассуф зикр намоям, ки бисёр маводҳои нашрнамудаи шумо сатҳианд. Муаллимонам ба ман омӯзонда буданд, ки ҳамеша ба умқи, (ба моҳияти) падида назар андозам. Аксар вақт дар шумо чунин умқбинӣ дида намешавад».
Додоҷон дар назди чашмони ман ба воя расид. Ӯ як журналисти рангивазкун, аз ҳад зиёд худхоҳу худбин буд. Ӯ гумон мекард, ки аз ҳама донову ҳушманд аст. Мо ӯро, ба қавле кашола мекардем, мақолаҳояшро бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр мекардем. Бояд иқрор шуд, ки исроркории ӯро мо маъқул медонистем, аммо, вақте ки инсон худро доҳиву дигаронро аз хеш паст медонад, аз ин амал чизе намерӯяд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ман фаъолияти оппозитсионии ӯро марбут бо рӯзномаи «Чароғи рӯз» пайгирӣ намудам, маводҳои онро мехондам. Зикр кардан зарур аст, ки танқид дар ҳама ҷо ва дар ҳама вақт бояд созанда бошад: -агар танқид мекунӣ , чизе дар ҷавобаш пешниҳод намо. Аммо бо чӯб ҳар ҷоро кофтан, овозаву ҳарза кардан, камбудиҳои хурдро бузург нишон додан кори хуб нест. Алалхусус, барои журналист.
Чанд сол пеш ман дар тарабхонаи назди казинои «Шангри Ла», ки ба он бе доштани 1000 доллар ворид шудан имкон надорад, хӯроки шом мехӯрдам. Дар ин ҷо, бо ин «оппозитсионери бечораи бадбахт» нӯл ба нӯл задем. Ҳамон замон шикоят кард, ки ӯ барои нашри рӯзнома маблағ надорад. Ман ба ҳайрат афтода, бо шӯхӣ гуфтам: «Ман медонам, ки ту рӯзномаатро бо пулҳои СРУ (Раёсати марказии разведкаи Амрико), разведкаҳои немисҳову англисҳо якҷоя ба чоп мерасонӣ …». «Онҳо дигар ба ман барои нашри рӯзнома грант намедиҳанд»-соддалавҳона ҷавоб дод Додоҷон.
Халқи худро, кишвари худро сиёҳ кардан, танҳо ба хотири он ки ту Президентро дӯст намедорӣ , ин тавре ки олмониҳо мегӯянд «гут» нест, «хуб» нест. Ба ту ин ҷо маъқул нест, аз ин ҷо бирав ва дар ҷойи дигар зиндагӣ намо, дар ҷое, ки барои ту хуб аст. Солҳо дар Олмон иқомат карда, худро ҳамчун таҳлилгари пешбари сиёсӣ оид ба масоили марбут ба ҳаводиси Тоҷикистон нишон додан камоли худхоҳист.
Хонандагони гиромӣ, барои Шумо намедонам, вале барои ман андешаҳои як рӯзноманигори ғайритоҷик қимату арзиши беандоза дорад. Зеро олами ботинӣ, рафтору кирдори як «ҳамватан»-и раҳгумкардаи моро бидуни ғаразе ошкор месозад.
Гуфтаҳои Захватов ба ман асар намуданд ва ман онро такрор ба такрор мутолиа кардам. То чӣ андоза муҳаббати беандоза нисбати Тоҷикистон доштанашро ҳис намудам. Ҳамзамон аз «меҳру муҳаббате, ки Додоҷон нисбати миллату диёри хеш дорад» пурра огоҳӣ пайдо кардам.
Мо аз суханони Захватов бардошти худро намудем, боқӣ қазоват аз Шумо, хонандагони гиромӣ!
Фақат мехостем бидонед, ки ин мард кист ва чӣ ӯро бо Тоҷикистони азизамон мепайвандад?
Владимир Захватов соли 1955 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таваллуд шудааст. Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Маълумоти дуюмаш-иқтисодчӣ (Академияи хоҷагии халқи ИРСС-ро ба итмом расонидааст).
Журналист, драмматург, сиёсатшинос, муаллифи чандин репортажҳо аз нуқтаҳои доғ аст.
Солҳои 1986-1988 – муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» буд. Солҳои 1988-1989 дар вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1989-1990 ба сифати мухбири ҳақиқии рӯзномаи «Труд» фаъолият намудааст. Солҳои 1990-1995-муовини сармуҳаррири рӯзномаи умумииттифоқии «Рабочая трибуна» буд.
Аз соли 1995 дар Федератсияи Россия аз рӯйи лоиҳаҳои СБМ (Созмони байналмилалии муҳоҷират) ва СММ (Созмони Милали Муттаҳид) оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ барои гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ кор бурдааст.
Айни замон-мухбири рӯзномаи фаронсавии «LaPenseeRusse» («Русская мысль») дар Федератсияи Россия ва ИДМ мебошад.
Владимир Захватов мегӯяд: –«Қариб бист сол гузашт аз он вақте ки оилаи мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт. Лекин то охири зиндагии худ, ман писари Тоҷикистон, писари Ватанам мебошам. Пиронсолон мегӯянд, ки «Реша дар об». Решаи ман дар лаби дарёҳои Тоҷикистон, дили ман дар кӯҳҳои Тоҷикистон мондааст».
Комрони ЁДГОР, пажуҳишгари Донишкадаи масоили сиёсӣ дар ш. Москва