Бинои идораи рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» — нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 1949-уми асри гузашта сохта шуда, имрӯз ҳоли табоҳ дорад.
Масъалаи мазкурро сармуҳаррири рӯзнома Маҳмадалӣ Бахтиёров дар нишасти матбуотии раиси ВМКБ, ки чанде пеш доир шуд, матраҳ намуд.
- Сохтмони бинои нави идораи рӯзномаи маҳаллӣ то ҳол дар нақшаи генералии ноҳияи Рӯшон ворид нашудааст. Барои бунёди он ҷойи имрӯзаи редаксия мувофиқ буда, шаҳодатномаи истифодаи замин низ мавҷуд аст, — афзуд номбурда.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот, бо тасдиқи он ки бинои идораи рӯзнома фарсуда шуда, таъмир намудани он ғайриимкон аст, чунин гуфт: «Қаблан барои бунёди чунин иншоот шароиту имконот надоштем, вале ҳоло ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилоят ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, имкониятҳоямон бештаранд. Биноан, масъала ояндаи наздик ҳалли худро хоҳад ёфт».
«Пайғоми Рӯшон» моҳе як маротиба бо теъдоди 1050 нусха дар шаҳри Душанбе ба табъ расида, саҳифаи махсуси худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад. Вақт нишон хоҳад дод, ки масъулин ба ваъдаи худ вафо мекунанд ё на!
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»