Кишоварзони шаҳри Ваҳдат имсол дар майдони 6827 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 64 гектар зиёд мебошад.
Айни ҳол ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ, аз қабили карам, сабзӣ, пиёз, лаблабу, турб, мош, шолӣ ва ҷуворимакка барои дон ва дигар намуди зироатҳо идома дорад.
- Кишоварзон дар рӯёнидани ҳосили фаровони сабзавот ва дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ таҷрибаи бой доранд, — гуфт зимни суҳбат сардори идораи кишоварзии шаҳр Музаффар Искандаров. Онҳо бо дарки масъулият дар киштзорҳо меҳнат мекунанд, то дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»