«Истиқлолият неъмати бебаҳост, мо бояд ба қадри он бирасем!» Ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳост, ки ба шиори рӯз барои ҳар як сокини кишвар, бахусус ҷавонон, табдил ёфтааст. Оре, маҳз истиқлолият ҳастиву ҳайсият ва бақои фарҳангу суннатҳои аҷдодии ин миллатро тақвият бахшида, боиси ба минбарҳои баланди ҷаҳон роҳ ёфтани забони ноби тоҷикӣ гардид.
Арзиши волои дигаре, ки Истиқлолияти Тоҷикистони навинро тақвият бахшиду пойдор гардонид, Ваҳдати миллист, ки бо иқдоми наҷибонаи Меъмори Сулҳ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаду мардуми ташнаи сулҳу ваҳдати кишвар онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд. Муваффақиятҳое, ки тайи солҳои соҳибдавлатӣ ба даст овардем, натиҷаи фараҳовари Ваҳдати миллӣ ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз Ваҳдати миллӣ боиси ба Ватан баргаштани ҳазорҳо оилаи бар асари ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ ҷилои ватаннамуда гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи таҷлили 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, чунин таъкид намуданд: «Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевосита ва ҷоннисориҳои Роҳбари мамлакат ба имзо расид, ҳамватанони бо амри таърих пошхӯрдаи моро муттаҳид намуд. Бо ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат кулбаҳои вайронаву валангор аз нав барқарор ва дар як муддати кӯтоҳ ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.
Аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ин санади тақдирсоз боис шуд, ки қонунҳо қабл аз ҳама, ба ҳимоя, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардиданд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) чунин омадааст: «Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».
Воқеан ҳам, дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Маҳз ин тадбирҳо имкон доданд, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти сиёсиву конститутсиониро оғоз бахшем, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон ва рамзҳои давлатиро қабул намоем, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор созем, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил диҳем, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоем.
Имрӯз дар кишвар меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамаҷониба риоя гардида, боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ масъалаи меҳварист.
Ҳар як шаҳрванди кишвар шоҳид аст, ки ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар арафаи ба пуррагӣ амалӣ гардидан қарор доранд. Ин ҳама, албатта, бо шарофати истиқлолияте, ки мо 25-солагии онро ботантана ҷашн гирифтем ва ваҳдати миллӣ насиб гардид.
Матлабро бо як иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамоям: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
Расул Замонов, прокурори шуъбаи криминалистикаи Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура