Ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТ. КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ВУСЪАТ ДОРАД

№ 23.10.2024

     Дар шаҳри Ваҳдат ва шаҳраку деҳоти он бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии беш аз 800 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, дар маркази шаҳри Ваҳдат нуҳ иншоот мавриди истифода қарор мегиранд. Айни ҳол дар иншооти мазкур корҳои сохтмонию навсозӣ ба анҷом расидааст. 

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ ва дастгирии соҳибкорону сокинон биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматии хуштарҳу замонавӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангию варзиш, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои нави савдо ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, 20-солагии Истиқлолият, Салимзода ва Хуросон биноҳои баланди истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо оғоз гардидани фаъолияти корхонаҳои қуму шағал, сохтмони фермаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва амбори нигоҳдории хӯроки чорво, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, сехи қаннодӣ дар ҳудуди деҳоти Гулистон, сохтмони ҳавзи моҳипарварӣ ва фермаи парандапарварӣ дар деҳоти Карим Исмоилов даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Ҳамчунин, ивази симчӯбу ноқилҳои фарсуда, таъмир ва мумфаршкунии 18 километр роҳҳои ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев, таъмири пурраи бинои МТМУ №131, сохтмони истгоҳи замонавии наклиёти мусофирбарӣ, чароғонкунии шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, хати оби нӯшокӣ барои 48 хоҷагӣ дар деҳоти Баҳор, бунёди осиёби обӣ дар соҳили дарёи Элок аз иншоотҳои ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд. Дар маркази ъ ва ангишт низ кушода шуданд, ки то мардумро бо сӯзишворӣ таъмин менамоянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»