«Тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте дар боби ваҳдат ҳарф мезанем, солҳои нооромии кишвар пеши назар меояд. Он вақт одамон барои аз хона баромадан метарсиданд. Ҳоло шабу рӯз кӯчаю хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии зебошаҳри Душанбе серодам аст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар гӯшаю канори мамлакат, махсусан пойтахтамон — шаҳри Душанбе, бунёдкорӣ авҷ гирифта, симои маркази ҷумҳурӣ дигаргун шудааст.
Бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои охир пойтахти мамлакат хеле обод шуда, садҳо иншооти маъмурию маишӣ, фарҳангию варзишӣ ва марказҳои савдо, гулгашту хиёбонҳо бунёд гаштанд. Дар натиҷа, Душанбе ба шаҳри сабзу хуррам ва боғшаҳр табдил ёфт.
Боғу гулгаштҳои Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, «Ирам», устод Рӯдакӣ, «Сомон», Куруши Кабир, Хайём, Аҳмади Дониш, Наврӯзгоҳ, Восеъ, «Ҷавонон», Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, «Дӯстӣ», Алишери Навоӣ, Ғалаба, Кӯли ҷавонон, Кӯли Душанбе, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе мавзеъҳои сайругашти ҳамватанонамон мебошанд.
Боғи ба номи устод Рӯдакӣ низ яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ пурра таҷдид гардид.
- Рӯзи ваҳдати миллӣ бароямон иди фараҳбахшу шодмонист. Маҳз сулҳу амонӣ, тинҷию осоиштагӣ ва ваҳдати миллати тоҷик буд, ки ба комёбиҳои зиёд муваффақ гаштем. Имрӯз вақте дар гулгашту хиёбонҳо, боғҳои дилкашу зебои шаҳри Душанбе ба симои одамон менигаред, аз хандаю шодӣ ва оромии онҳо кас болидахотир мегардад. Аз ҷумла Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ба маркази сайру саёҳат ва фароғати сокинони пойтахт ва меҳмонон табдил ёфтааст. Масоҳати боғ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, 19,7 гектарро ташкил мекунад. Дар боғ 13126 бех дарахтони ватанӣ, ҳамчунин, 2161 бех дарахти аз хориҷи мамлакат воридкардашуда парвариш меёбанд. Магнолия, ёси ҳиндӣ, санавбари қримӣ, шоҳбулут аз ҷумлаи дарахтоне ҳастанд, ки дар боғ хуб нашъунамо ёфтаанд. Гулу буттаҳои рангоранги он мунтазам нав карда шуда, ба боғ зебогию накҳати доимӣ мебахшад. Теъдоди навъҳои гуногуни гули садбарг 160 ҳазорро ташкил мекунад. Бо кӯшишу ғайрати маъмурият ва кормандони боғ, сабзиши гулу буттаҳо ва дарахтон хуб аст, — гуфт сармутахассиси боғ, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров.
Боғҳои шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб карда, соли 2022 аз шаҳри Душанбе 192 ҳазор меҳмони хориҷӣ боздид намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад.
30 — юми майи соли ҷорӣ таҳти №302 Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид. Тибқи он, чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ташкил шуд. Махсусан, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе серодам гашта, дар онҳо базмҳои пуршукӯҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ баргузор гардида, маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта шуданд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»