Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ тимсоли ҳамдигарфаҳмӣ, осоишу амнияти ҷомеа ва эҳёи заминаҳои маънавию иқтисодии кишвар, инчунин водоркунандаи тамоми шаҳрвандон ба масъулиятпазирӣ аст.
Бояд гуфт, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорат, миллатдӯстӣ, меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҳалкунанда дошт. Аксарият шоҳидем, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда, борҳо барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳи устувор дар Тоҷикистон ба минтақаҳои ҷангзада, кишварҳое, ки он ҷо намояндагони мухолифин паноҳ бурда буданд, сафар намуда, моҳияти сулҳро бозгӯйӣ намуда, роҳҳои сулҳофариро ба сароҳат нишон дод.
Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба як силсила дастовардҳо ноил гардид. Яъне, ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки ба пешрафти кишвару рӯзгори мардум мусоидат мекунад. Баъди пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳар як ҷумҳурии узви он бе ҳеҷ мамониат ба давлати мустақил табдил ёфт, аммо Тоҷикистон дар ин роҳ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Бо дасисаи бархе аз ҷоҳталабону мансабхоҳони дохилӣ ва хоҷагони хориҷиашон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид.
Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин шуд. Ҳазорон нафар қурбон ва ҳазорони дигар гуреза шуданд. Ҳукумат фалаҷ гардида буд, дигар аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, ҳатто аз уҳдаи ҳимояи худ намебаромад. Хушбахтона, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, бо ибтикори неруҳои солими мамлакат намояндагони парокандаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ҷамъ оварда шуданд ва 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кори худ оғоз бахшид.
Дар ин иҷлосия марди тавоно, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори асил ва ҷасуру дурандеш Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Роҳбари нави давлат аз нахустин соати ба фаъолият пардохтанаш тамоми қувваашро ба таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони кишвар, равона кард ва фаъолияти сиёсии ӯ бо ормонҳои чандинасраи миллат созгор омад.
Мутобиқи нахустизҳороташ ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин кард.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аксари мамолики мутараққии ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Акнун ҷаҳониён аз тамаддуни пурғановат, маросимҳои суннатӣ, ҳаёти маишӣ, тарзи зиндагии миллати тоҷик огоҳии комил доранд, ки боиси ифтихори мост.
Аз ин рӯ, мо — ҷавонон сиёсати созандаи Роҳбари давлатамонро ҳамеша дастгирӣ мекунем, ҳар сухани ӯро ҳамчун панди рӯзгор бар гӯш мегирем ва баҳри дар амал татбиқ намудани иқдомоти Пешвои миллат саъю талош менамоем.
Раҳимҷони АБДУҚОДИР, корманди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон