Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар ноҳияи Рашт бо иштироки занони фаъоли кишвар конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ 19 июни соли равон бо сарварии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба водии Рашт омада, нахуст дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ноҳия аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
20 июн дар қасри фарҳанги ноҳия Хайринисо Юсуфӣ вобаста бо ду мулоқоти охири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва бо аҳли илму маорифи кишвар мулоҳизаронӣ намуд.
Муовини Раиси ҲХДТ зимни суҳбати пурмуҳтаво бо аҳли зиёи ноҳия бо такя ба таъкидҳои ҳамешагии Роҳбари давлат баҳри омӯхтани илму дониш ва забондон ба воя расонидани фарзандон дар хитоб ба занону модарон иброз дошт, ки фарзандони хешро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, онҳоро дар роҳи омӯзиши илму маърифат, донишу хирад ва мутобиқ ба талаботи замон дур аз таассубу хурофот ба воя расонанд.
Мавсуф изҳор дошт, ки ба фарзандони худ, пеш аз ҳама, дӯст доштани Ватани хеш, гиромӣ доштани муқаддасот ва ҳифз намудани фарҳанги миллиро биомӯзем, то ин ки дар оянда ба доми фиреби гурӯҳҳои экстеремистию террористӣ наафтанду ба миллату давлати худ хиёнат накунанд ва номи пуршарафи волидонро дар миёни ҳамдеҳагон доғдор насозанд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси ноҳия Зарина Идизода ва аъзои ҳайат ба хотири аёдат ва дастрас намудани маводи озуқаворӣ ба манзили нафарони имконияташон маҳдуд рафта, аз аҳволи онҳо бохабар шуданд.
Ҳамон рӯз меҳмонон дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоиту Ясман дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ширкат варзиданд.
Диловари МИРЗО,
“Садои мардум”
Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит
Аёдати маъюбон