Таҳти чунин унвон чанде пеш дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он олимону донишмандони фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар мавзуҳои «Ваҳдати миллӣ ва рушди илму фарҳанги ҷомеаи Тоҷикистон», «Таснифоти системавии дониш, илм ва баъзе масъалаҳои рушди илми тоҷик дар замони муосир», «Шуури динӣ ва миллӣ: айният ва ихтилофи онҳо», «Ваҳдати миллӣ – дастоварди беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва перомуни хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар маърӯза ва ибрози андеша намуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»