Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо харҷи зиёда аз 116 миллион сомонӣ 75 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, — гуфт зимни суҳбат иҷрокунандаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Ҷамолиддин Хоҷаев.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ҷашни таърихӣ дар ноҳия бунёди 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар онҳо 480 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Илова бар ин, дар 52 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.
Қайд гардид, ки дар доираи ин ҷашн аввалин маротиба дар маркази ноҳия бунёди панҷ бинои баландошёна ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай дар ду бинои 8 ва 9 — ошёна корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Ҳамчунин, тибқи нақша то соли 2026 дар ноҳия бунёди 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст, ки то инҷониб 5 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»