Сокинони ноҳияи Вахш дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо ҷаҳду талош доранд.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов иттилоъ дод, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор таҳия гардида, то ҷашни фархунда бунёду таъмири 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора соли 2018-ум 55 ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 59 адад ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Вахш барои солҳои 2016 – 2020» қабул гардид, ки 169 лоиҳаро бо маблағи 238,4 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Аз оғози қабули он ба маблағи 64 миллиону 38 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.
Дар ин давра иҷрои қисми даромади буҷет 99 фоиз таъмин гардида, ба он 33 миллиону 385 ҳазору 365 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва пардохти маош ва нафақаи кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ таъмин карда шуд.
Айни ҳол дар ноҳия 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи азхудшуда 2,3 миллион долларро дар бар мегирад. Дар давраи мавриди назар ба маблағи 20 миллион 448,6 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум ду баробар зиёд мебошад. Илова бар ин, дар масоҳати 5 ҳазору 226 метри мураббаъ манзили шахсии истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 93,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли сипаригардида 1,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ноҳия бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю сабзавот ном бароварда, на танҳо бозорҳои вилоят, балки ҷумҳуриро таъмин менамояд. Бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 597,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 40,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Саршумори чорвои калон ба 45 ҳазору 995 сар, моли майда — 165 ҳазору 776, паранда — 130 ҳазору 646, асп 2 ҳазору 530 сар ва занбӯри асал ба 280 оила расонида шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта зиёд мебошанд.
Инчунин, 1 ҳазору 290 ҷойи нави кор ташкил карда шуд, ки сатҳи бекориро то андозае коҳиш дод.
Маориф таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар он дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Дар Вахш низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар назди чор муассисаи таълимӣ сохтмони 24 синфхонаи иловагӣ ба анҷом расида, дар назди 12 муассисаи дигар сохтмони 79 синфхонаи иловагӣ бомаром идома дорад.
Минбаъд низ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони шарафманди он дар партави сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ба комёбиҳои бештар ноил хоҳанд гашт.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»