Вакилон масъалаи таъминот бо тухмиҳоро баррасӣ карданд

№126 (4546) 10.10.2022

Раджаббой-Ахмадзода27 сентябри соли 2022 таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати шашум баргузор гашт.

Дар он вакилон рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд 29 хоҷагӣ, аз ҷумла 20 хоҷагӣ дар самти пахтакорӣ, 4 — дар самти картошкапарварӣ, 3 — дар самти гандумпарварӣ, 1 хоҷагӣ дар самти шолипарварӣ ва 1 хоҷагӣ дар самти сабзавоткорӣ ва шабакаҳои махсуси тухмипарварӣ амал мекунанд.

Зимни таҳлили фаъолияти кори як қатор муассисаҳои масъули соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар расида, ҷиҳати рафъи онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар иҷлосия муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён, раисони шаҳру ноҳияҳо барои ворид намудани тухмиҳои гандум, картошка ва чигити элитаю репродуксионӣ ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пурзӯр намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар ва таҳкими базаи моддию техникии онҳо муваззаф гардиданд.

Ҳамчунин, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет шунида шуд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»