Дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо саҳми маҷлисҳои вакилони халқ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас мебошад. Дар робита ба ин суҳбате доштем бо раиси ноҳияи Деваштич, ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқ Ҷӯразода Рустам Боймурод.
- Нақши Маҷлиси вакилони халқ дар ободу зебо намудани диёр, ривоҷу равнақ бахшидани ободонию созандагӣ калон аст. Баъди он ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «500 рӯзи меҳнати зарбдор» эълон намуд, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ин иқдомро дастгирӣ карда, корҳои тарғиботӣ — ташвиқотиро ҷиҳати ободонии диёр, кабудизоркунӣ пурзӯр намуданд. Ҳамин буд, ки ба истиқболи ҷашнҳои давлатӣ якчанд иншоот ба истифода супорида шуд. Вакилони халқ дар ҳамкорӣ бо фаъолон ҷиҳати идома бахшидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла кашидани хати оби Даҳкатсой-Даҳанасой, ки дар ҳамон рӯзҳо масъалаи асосӣ ва хеле муҳим барои хоҷагии халқи ноҳия ва минтақа ба ҳисоб мерафт, бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронида, онҳоро ба дастгирии идомаи корҳои сохтмонӣ ҷалб намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати ба охир расонидани корҳои сохтмонии бинои таваллудхонаи нав дар маркази ноҳия вакилон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва вилояти Суғд дархост пешниҳод карданд, ки ба шарофати он то ин дам 60 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст, — мегӯяд Рустам Ҷӯразода.
Тибқи суханони ҳамсуҳбатам, танҳо дар даҳ соли охир бо дархости интихобкунандагон ва пешниҳоди вакилони Маҷлиси вакилони халқ дар ноҳия корҳои зиёди ободонию бунёдкорӣ анҷом ё оғоз ёфтаанд. Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар деҳаи Истиқлол, Маркази хизматрасонии «Файзи Далён», воқеъ дар деҳаи Далён, ба истифода додани бинои истиқоматии дуошёна барои хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ, оғози амалигардонии лоиҳаи хати оби «Даҳкатсой-Даҳанасой» мисоли равшани ин гуфтаҳоянд.
Бо ташаббуси вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2011-2015» ва баъдан «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016-2020» тасдиқ ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Ҳамчунин, қайд бояд кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, таҳти №330 нақшаи генералии маркази ноҳия-шаҳраки Ғончӣ тасдиқ гардид, ки ин ба бунёди инфрасохторҳои нав мусоидат хоҳад кард.
Ҳоло сохтмони қисмати дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Росровут (қисмати аввали он соли 2014 бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуд) идома дорад.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқ ҷиҳати ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ баҳри ободонии диёр низ корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Натиҷаи кӯшиши онҳо буд, ки бо ташаббуси шахси саховатпеша Ҳоҷӣ Маҳкам Ёқубов дар деҳаи дурдасти Метк муассисаи таълимии №60 сохта, ба истифода дода шуд.
Зани саховатпеша Норбибӣ Дӯстмуродова маблағи барои сафари ҳаҷ ғункардаашро барои бунёди ду кӯпруки мошингузар байни деҳаҳои Метк ва Хишекат сарф намуд.
Таҷрибаи аз тариқи ҳашар бунёд намудани иншооти иҷтимоӣ, хусусан муассиса ва синфхонаҳои таълимӣ дар Деваштич ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҷумҳурӣ он мактаби таҷрибаи пешқадам маҳсуб мешавад. Соли гузашта бо ҳамин усул сокинони деҳаи Ҳазорчашма бинои беморхонаро ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ навсозӣ карданд. Дар деҳаи Меҳробод низ тариқи ҳашар бинои иловагии муассисаи таълимӣ бунёд ёфт. Дар деҳаи Истиқлол ба шарафи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҳашар бинои беморхона сохта, ба истифода дода шуд.
Вакилони халқи ноҳияи Деваштич минбаъд ҳам фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар ободии Ватан ва беҳдошти рӯзгори мардум саҳми муносиб гузоштанианд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»