Вакилони шаҳри Душанбе омодагӣ ба зимистонро матраҳ карданд

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

7 октябри соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо, аз қабили «Дар бораи гузориши Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№14 ва 33», Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, об, неруи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ», «Дар бораи номивазкунии як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе», «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вакилон баъди гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Санавбар Раҳимова оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №14 ва 33, ки 25 сентябри  соли 2016 доир гардид, ваколати вакилии Сиёмардзода Сайдамирро аз ҳавзаи интихоботии №14 ва Муҳаббат Зариповаро аз ҳавзаи интихоботии №33 тасдиқ намуданд.

Дар робита ба масъалаҳои дигари рӯзнома муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ашурбег Расулов, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов ва Шӯҳрат Мақсудзода  ҳисобот доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри таъмини иҷрои пурраи муқаррароти Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016- 2017 дар шаҳри Душанбе» раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр — сарпарастони соҳаҳо, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои муҳандисию коммуналии шаҳрро вазифадор намуд, ки бо ҷалби соҳибмулкони бинову иншоот барои қабули гармии мутамарказ ва дар маҷмуъ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ тадбирҳои муассир андешанд.

Муқаррар гардид, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе низ ба ин масъала сафарбар ва ҳар ҳафта аз фаъолияти анҷомдодаи онҳо ба номи Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маълумот манзур карда шавад.

Бо дарназардошти натиҷагирӣ аз фаъолияти суъбектҳои монополистӣ баҳри таҳкими тадбирҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз прокуратураи шаҳр ва ноҳияҳои он дархост намуд, ки воқеияти корбарӣ ва хизматрасониҳоро бо муштариён аз ҷониби субъектҳои зикрёфта мавриди санҷиш қарор диҳад. Ҳамзамон, ба истифодабарандагони хизматрасониҳои коммуналӣ дастур шуд, ки тавассути бастани шартномаҳои дуҷониба оид ба ҳифз ва риояи ҳуқуқҳояшон масъул бошанд.

Вакилон тағйири номи кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба номи Арбоби давлатӣ Иззатулло Ҳаёев дастгирӣ ва қарорҳои дар фосилаи иҷлосияҳо қабулкардаи Раиси шаҳри Душанберо тасдиқ намуданд.

Дар иҷлосия, инчунин баҳри таҳкими тадбирҳо оид ба риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе комиссияи босалоҳияти муваққатӣ таъсис дода шуд.

Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев вакилон ва фаъолони шаҳрро баҳри тавсеа ва тақвият бахшидани  фаъолияти пайвастаю пайгиронаи муттасил дар самти татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи сокинони пойтахт нигаронида шудаанд, даъват карда, талаб намуд, ки ҷиҳати комёб шудан ба дастовардҳои нав ба нав дар самтҳои зикршуда ва ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ, ваҳдати ҷомеа беш аз ҳарвақта саҳмгузор бошанд.

Ш. САИДОВ