То соли 1998 — ум Қасри фарҳанги деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ фаъол буд. Ҳоло ба ҷуз чор девори кафидаю рангпарида осоре боқӣ намондааст.
Деворҳои рангпаридаю тирезаҳои шикаста, солҳо боз аз бетаъмир будани он гувоҳӣ медиҳад. Боиси нигаронист, ки иншооти мазкур дар шафати бинои ҷамоат ҷойгир аст. Солҳои 90 – уми асри гузашта ин макони фарҳангӣ дар тобеияти Ҷамоати деҳоти «Тугарак» буд.
Ҳангоми бориш аз бомаш об чакида, дохили биноро валангор кардааст. Суол ба миён меояд, ки чаро дар тӯли 28 соли истиқлолият ба ин макони фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир нагардид?
- Қасри фарҳанги мазкур соли 1978-ум сохта шудааст. Солҳои пеш дар он даҳҳо шаҳрванди ноҳия кор мекарданд. Ҳоло ғайр аз фаррошу посбон ва мудир касе кор намекунад. Ба чунин ҳол гирифтор шудани Қасри фарҳангро ҳама медонанд. Борҳо аз вазъи феълии ин макони фарҳангӣ дар телевизиону рӯзномаҳои даврӣ гузоришу мақолаҳои танқидӣ пахш ва чоп гардид. Мутаассифона, ҳеҷ вокунише нашуд, — гуфт бо таассуф Неъматулло Зарипов, мудири Қасри фарҳанг. — Дар бинои зикршуда филиали китобхонаи рақами 21-и ноҳия низ фаъолият мекунад. Вазъи кунунии он низ нигаронкунанда аст.
Бунафша Бурихонова, ки ба ҳайси китобдор дар Қасри фарҳанг фаъолият мекунад, зикр кард, ки китобхона аз ду ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Мудири бахши фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳим Одинаев зимни нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 388 муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунанд, ки 37 адади он таъмирталаб ва 13-тоаш дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Саволи матраҳ он аст, ки бо чунин хунукназарию саҳлангорӣ оё рушди соҳаи фарҳангро умедвор шудан мумкин аст?
Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»