Ҳунарҳои қадимаи аҷдодӣ, аз қабили бофандагӣ, ресандагӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ ва кандакориву табақтарошӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, қариб ки аз байн рафта буданд. Корхонаҳои оҳангариву чӯбтарошӣ, дастгоҳҳои қадимаи ресандагӣ дигар истифода намешуданд.
Солҳои охир дар деҳот корхонаҳои ҳунармандӣ фаъолияти густурда пайдо кардаанд, ки аҳолӣ аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Барои мисол, маҳсули дасти устоҳои деҳоти «Рованд»-и ноҳияи Ванҷро қайд кардан мумкин аст, ки дар ҳар як хонадон дидан мумкин аст. Онҳо аз чӯб маҳсулоти назаррабо сохта, пешкаши харидорон менамоянд.
Устоҳо аз чӯби маҳаллӣ, ки ниҳоят тобовар ва сафеду зебо аст, курсиву миз, табақу косаҳои чӯбин, асбобҳои мусиқӣ ва дигар маҳсулоти рӯзгорро, тибқи дархост, омода менамоянд.
Дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маҳсули дасти устоҳо ба намоиш гузошта мешавад. Онҳо иброз медоранд, ки чӯби маҳаллӣ барои коркарди маҳсулот беҳтар буда, сифати он низ нисбат ба чӯби дигар минтақаҳо фарқи калон дорад. Аз ҳамин сабаб маҳсулоти корхонаҳои ин деҳот рақобатпазир буда, таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб месозад.
Маҳсули дасти усто Бовар серхаридор аст. Усто бо усули бобоӣ чӯбро коркард намуда, аз он маҳсулоти дилфиреб месозад.
Ба ҳунари дастони ин устои муъҷизаофар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, барои васеъ намудани корхона ва ба ин шуғли муфид ҷалб намудани ҷавонон дастур дода буданд.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Рованд» Дониш Нуъмонов гуфт, ки дар деҳот чор корхонаи табақтарошӣ, се коргоҳи оҳангарӣ ва як корхонаи ҳунарҳои омехта амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъминанд.
Маҳсули дасти ҳунармандон харидори зиёд дошта, сайёҳон ва дигар меҳмонон бештар ба маҳсули дасти усто Бовар ва усто Зокири оҳангар мароқ зоҳир менамоянд.
- Дар оянда ният дорем, ки корхонаҳои истеҳсолиро зиёд намуда, истеҳсоли маҳсулоти бозоргирро тавсеа бахшем, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Дониш Нуъмонов.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»