Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Ванҷ ба яке аз минтақаҳои пешрафта на танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар ҳама соҳа пешравиҳои зиёд рӯи кор омаданд ва муҳимтар аз ҳама, бо рушди босуботи кишвар дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия иброз доштанд: «Равшан ба назар мерасад, ки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи дастгирии Давлату Ҳукумати мамлакат, иқдомоти ватандӯстонаи сокинону соҳибкорон ва шахсони ободкор чун дигар минтақаҳои кишвар, хусусан дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои муқаддаси миллӣ, боз ҳам ободу зебо гардида истодааст».
Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якуми раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардов дар бораи пешрафту ободӣ ва корҳои созандагӣ дар ноҳияи Ванҷ ба мо чунин изҳор дошт:
- Мардуми Язгулом шукрона аз ваҳдату Истиқлолият доранд ва таҳти таассуроти ниҳоят фараҳбахш аз дидору мулоқот бо Пешвои миллат кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ду даҳсолаи охир Роҳбари давлат ба водии Язгулом ду бор сафар кард. Ин дар ҳолест, ки дар 70 соли замони шӯравӣ ҳатто ягон вазир ба ин водӣ қадам нагузошта буд. Чунин суханони Сарвари давлат: «Водии зебоманзари Язгулом на танҳо бо табиати дилписанд ва кӯҳҳои осмонбӯс, балки бо мардуми боғуруре, ки садсолаҳо суннату анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои гаронбаҳои мардуми куҳанбунёди моро ҳифз кардаанд, шуҳрат дорад. Ман ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони ин гӯшаи зебои кӯҳистон боварӣ дорам», — мардумро хеле рӯҳбаланд намуд.
Воқеан, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар қиёс ба дигар минтақаҳои вилоят сокинони Язгулом ба мушкилоти бештаре рӯ ба рӯ шуданд. Силоҳбадастоне, ки баъди сари қудрат омадани Ҳукумати қонунӣ аз дигар минтақаҳои даргири кишвар чун гуреза вориди ВМКБ гардиданд ва ба Язгулому мардуми он иртиботе надоштанд, бо зӯри силоҳ ин ҷоро қароргоҳ интихоб карданд. Дар дашти Язгулом, дар як задухӯрде, ки байни марзбонони рус ва силоҳбадастон ба амал омад, қариб 20 тан аз ҳар ду тараф ҷонашонро аз даст доданд. Гузарондани тӯю маъракаҳо дар ин ҷо мамнӯъ шуд, ва ашхосе ҳам буданд, ки аз ин даҳшати ба сари мардуми озодандеш омада хушҳол гардиданд, иддае аз бошандагони ин гӯшаи зебои Тоҷикистон ба ояндаи хеш бовариро аз даст дода буданд.
Аммо нури пурҷилои ваҳдат, ки шуълаи фурӯзони он аз дасти фарзанди ваҳдатофари миллат дар фазои Тоҷикистон фурӯзонтар мегашт, хушҳолии душманони миллатро зери хок ва яъсу ноумедии мардумро аз қалбҳо берун кард. Дар нахустсафарашон Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 17 сол қабл ба водии Язгулом пайки сулҳу ваҳдат, ободию созандагӣ, нури маърифату саодат оварданд. Бо пахш гардидани тугмачаи рамзии Неругоҳи барқи обии «Андарбак» чархҳои он гардону хонаи мардум чароғон гардид. Бо дастури Роҳбари давлат корҳои ободонию созандагӣ дар 9 ҷамоати деҳот, ки бештар аз 6200 нафар аҳолӣ доранд, равнақи тоза гирифт. Дар деҳаҳои Мотравн ва Жамаг биноҳои нави мактаб бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар деҳаи Зайч ба дарозии 8 километр роҳи мошингард сохта шуд. Роҳи мошингарди байни деҳаҳои Андарбак-Жамаг, ки дар ҳолати харобӣ қарор дошт, бо сарфи беш аз 300 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. ҳоло сохтмони Неругоҳи барқи обии «Мотравн» бо иқтидори зиёда аз 300 киловатт — соат идома дорад.
Пешвои миллат ҳангоми боздид аз ҷойи сохтмон бо бинокорон суҳбат ороста, супориш дод, ки то ҷашни соҳибистиқлолии кишвар онро бо сифати баланд анҷом диҳанд. Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои ба 500 киловатт-соат расондани иқтидори НБО-и «Андарбак» тадбирҳои зарурӣ андешанд. Кашидани хатти баландшиддати барқии Вознавд-Деҳ-Шипад-Дашти Язгулом ва пайваст гардидани он бо шабакаҳои барқи Мотравн-Андарбак имконият фароҳам меорад, ки аҳолии ин минтақа тамоми сол бо неруи барқ таъмин гардад.
Дар чоряк асри соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бештар аз 200 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар ин давра ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, барои рушди соҳаҳои мухталиф аз Буҷети давлатӣ 220 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Дар 17 соли охир бо иштироки Пешвои миллат бештар аз 20 иншооти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодидошта, аз ҷумла бозори байнисарҳадӣ дар мавзеи Хумроғӣ, пули калони мошингард дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма аз болои дарёи Ванҷоб бо маблағгузории беш аз 17 миллион сомонӣ, манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳраки Ваҳдат, варзишгоҳ ва толори варзишӣ дар маркази ноҳия, НБО-и «Ванҷ-2», мактаб дар деҳаи Ҷовидон, сехи коркарди равғани ангат, фермаи истеҳсоли шир ва гӯшт, корхонаи коркарди меваю сабзавот мавриди истифода қарор гирифтанд. Бисёр иншооти дар ноҳия бунёдгардида, бахусус иншооти хизматрасонӣ, самараи рушди соҳибкории хурду миёна мебошанд.
Дар маҷмӯъ, чуноне Роҳбари давлат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия зикр намуданд, дар солҳои Истиқлолият барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорон 440 миллион сомонӣ равона шудааст. Барои тараққиёти ноҳия фақат дар соли равон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 35 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Теъдоди корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодаанд, ки дар заминаи онҳо ҷойҳои корӣ ҳам зиёд мегарданд. Соли гузашта ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияро барои солҳои 2015-2019» тасдиқ намуд, ки дар доираи он дар панҷ соли оянда татбиқи 241 лоиҳа бо маблағгузории 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ноҳия дорои имкониятҳои фаровон барои зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, чормағз, картошка, зироатҳои полезӣ мебошад. Имрӯз дастранҷи боғдорону деҳқонони ноҳияро бозорҳои на фақат вилоят, балки дар дигар минтақаҳои кишвар дидан мумкин аст. Боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик ба бозори ҷаҳонӣ ҳам роҳ меёбем ва Ванҷ ба минтақаи содиротӣ табдил меёбад.
Таҳияи Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»