Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаро таъмин намуд. Дар ин раванд дар навоҳии дурдаст ҳам бунёдкориҳо вусъат пайдо карданд.
Дар ноҳияи Ванҷ чандин мактаби нав қомат афрохта, бо ашёҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Сатҳу сифати хониш тағйир ёфт. Ҳар сол аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 квота барои хатмкунандагони деҳоти «Язгулом» ҷудо мегардад, ки тибқи он 80 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мешаванд.
Ҳанӯз аз солҳои 2000 — ум бунёди иншооти соҳаҳои гуногун дар ноҳия оғоз ёфт. Бо ин мақсад аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки аз соли 2008 то соли 2010 дар ноҳия зиёда аз 10 иншооти баландошёна ба истифода дода шуд .
Дар панҷ соли охир барои сохтмони иншоот дар ноҳия 73 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 640 хонанда, қасри фарҳанг, бинои мақомоти амният ва азнавсозии роҳҳои маркази ноҳия, ки бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуданд, аз зумраи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакатанд.
Соли 2018 Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳия масъулинро барои сохтмони боғчаи бачагона, боғи фарҳангӣ, маркази хизматрасонӣ ва мумфаршкунии якуним километр роҳи маркази ноҳия вазифадор карда буданд. Ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар назар аст, ки ба наздикӣ, зимни ташрифи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, иншооти муҳим — биноҳои комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ меёбанд.
Хурсандиовар аст, ки дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ оид ба коркарди мева, шир, санги мармар, либосдӯзӣ ва ғайра ба фаъолият оғоз намуда, маҳсулотро ба дохилу хориҷ содирот мекунанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои хурди барқи обии «Техарв», «Андарбак», «Пои Мазор», «Ванҷ-2», «Мотравн» таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардид.
Дар маҷмӯъ, бунёдкорӣ дар ин минтақаи дурдасти кишвар рӯз то рӯз тавсеа ёфта истодааст.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»