Ванҷ. Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардиданд

№95 (4201) 08.08.2020

ШохзодаҲафтаи равон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои масъули мамлакат дар ноҳияи Ванҷ ба 59 нафар маюб кумакҳои Пешвои миллатро расониданд. Онҳо аз 14 аробачаи маюбӣ, 10 асобағал, 11 асобағали такягоҳӣ, 12 дастгоҳи шунавоӣ ва 6 таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб иборат буданд. Ҳамчунин, ба маъюбони гурӯҳи якум ба маблағи 1500 сомонӣ ва гурӯҳи дуюм 1000 сомонӣ тақдим гардид.

Дар маҷмӯъ, ба 122 нафар табақаи эҳтиёҷманди ноҳия кумак расонида шуд.

Вақти супурдани кумакҳои хайрия маъюби гурӯҳи дуюм, сокини деҳаи Потови деҳоти «Ҷовидон» Абдулбасир Мазориев бо ифтихор ва қаноатмандӣ байте гуфт, ки аз қалби пур аз меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад:

То ин дили моилшуда хомӯш нагардад,

Некии Шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад.

Ба гуфти муовини раиси ноҳияи Ванҷ Сафарбегим Имомгӯева, қисми зиёди кумакҳои Роҳбари давлат ба маъюбон дар макони зисташон супурда шуданд. Аз ҷумла, маъюбони гурӯҳи якум Ширин Соиров, Набот Зиёвиддинов ва Қутбиддин Нуриддинов туҳфаҳои Пешвои миллатро дар макони зисташон — деҳаҳои Рованд, Ғуҷоваст ва Вотхуд дастрас карданд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»