Ванҷ. Муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омодаанд

№103 (4843) 26.08.2024

ВАНЧДар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ду боғчаи бачагона таъмири асосӣ ва 28 муассисаи таълимӣ навсозӣ гаштанд.

Тавре аз ноҳия иттилоъ доданд, феълан сохт­мони бинои муассисаҳои таълимии рақамҳои 8-и деҳоти Рованд, 16-и деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев, 27-и деҳоти Рованд, 32-и деҳоти Техарв низ ба анҷом расида, сохтмони муассисаҳои таълимии ибтидоии рақамҳои 12-и деҳаи Дуршер, 48-и деҳаи Зайч, МТМУ № 42-и деҳаи Лахш ва бинои маркази инкишофи рушди барвақтии кӯдакон дар деҳаи Пайшанбеобод бомаром идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки ғайр аз макотиби сохташаванда дигар муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави хониш омодаанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»