Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ сохтмони зиёда аз 68 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Онҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва соҳибкорон бунёд мегарданд.
Зимни сафари кориашон ба ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва меҳмонхона, боғчаи бачагона барои 200 нафар, боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ сохта шуда, роҳҳои маркази ноҳия мумфарш мегарданд.
Тибқи маълумоти сармеъмори ноҳия Зоиршо Шамсиддинов, ҳоло лоиҳакашӣ анҷом ёфта, рӯзҳои наздик дар иншооти зикршуда кор оғоз меёбад.
Пайшанбе Шозода, ноҳияи Ванҷ