Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018 дар бораи омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом дод.
Ба гуфти муовини раиси ноҳия Азимҷон Шамсиддинов, нақша — чорабиниҳо вобаста ба ин масъала аз 72 банд иборат буда, дар он рушди инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити созгор барои сокинон меҳвар аст.
Дар маҷмӯъ, сохтмони 86 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки алъон 83 — тои он пурра мавриди истифода қарор дошта, дар се адад корҳои сохтмонӣ идома дорад.
- Барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри сокинони деҳот ба нақша – чорабинии мавриди назар 11 банд илова гардид, ки тибқи он, дар маҳаллаҳои дурдаст марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳҳои ҳунармандӣ бунёд мегарданд, — афзуд муовини раиси ноҳия.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»