Дар ноҳияи Ванҷ мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди шаш Ҷамоат, аз ҷумла деҳоти дурдаст ва баландкӯҳи водиҳои Ванҷи боло ва Язгулом биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони як қатор иншооти дигари соҳа дар арафаи анҷомёбист.
Бинои сеошёнаи шуъбаи маориф, воқеъ дар шаҳраки Рохарв, низ аз иншоотест, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Барои сохтмони он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ва шарикони рушд зиёда аз 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бунёди онро сохтмончиёни ҶДММ «Текстилконстрактстрой»-и шаҳри Душанбе ба зимма доранд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Саодатқадам Давлаталиев изҳор дошт, бинои нави шуъбаи маориф дорои 12 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ барои 90 нафар, меҳмонхона ва маркази технологияи иттилоотӣ мебошад.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»