ВАНҶ. Таваҷҷуҳ ба бунёдкорӣ зиёд аст

№ 20.09.2024

2,1Дар ноҳияи Ванҷ садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёду азнавсозӣ гардиданд.

Феълан сохтмони толори варзиш, маркази инкишофи кӯдак, майдончаи варзиш, бинои раёсати молия, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бомаром идома дошта, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба маблағи 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунёду таъмир гардиданд.

Дар заминаи нақшаи корҳои ободонию бунёдкории ноҳия 79 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардиданд. Ҳоло бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии шоҳроҳ аз Дарвоз – Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон дар масофаи 93 километр ба маблағи беш аз ду миллиард сомонӣ идома дорад.

М. ИМОМНАЗАР,

 »Садои мардум»