Ванҷ. Вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ

№ 17.02.2025

 Ба истиқболи Ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, толори варзиш, маркази рушди баравақтии кӯдак, инчунин, навсозии 16 км роҳи мошингарди шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ — Кулма то маркази ноҳия  ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло дар деҳаи Рохарви деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев корҳои сохтмонӣ дар парки инноватсионӣ аз ҷониби ҶДММ “Ҷовид” ва бунёди як қатор корхонаҳои дигар, аз ҷумла истеҳсоли собун, коркарди меваю лубиё ва равғани ангат оғоз гардидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар толори варзиши деҳаи Убари Даргов ва корхонаи коркарди хокаи мармар идома дошта, дар ҷойи корхона иловатан се корхонаи дигар барои коркарди маҳсулоти ниҳоӣ ба кор медароянд. Айни замон 40 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Дар деҳаҳои Жамак, Вишхарву Андарбак ба сохтмони кӯдакистонҳои нав ва деҳаҳои Будуну Мотравни деҳоти Язғуломи ноҳия бошад, ба бунёди марказҳои рушди барвақтии кӯдак оғоз бахшида шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 685 миллион сомонӣ равона намудааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 100 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи беш аз 175 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба маблағи 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунёду таъмир шуданд.

Имрӯз таҷдиду навсозии шоҳроҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то саршавии ноҳияи Рӯшон дар масофаи 93 километр ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ бомуваффақият давом дорад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»