Воситаҳои ахбори омма (ВАО) воқеан метавонанд дар пешрафти ҳар як ҷомеа, баланд бардоштани обру ва эътибори давлат нақши бориз дошта бошанд. Маҳфили мубоҳисавие, ки рӯзи 19 сентябри соли 2013 дар яке аз толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ба мавзуи «Мушкилоти ташкили имиҷи Тоҷикистон дар ВАО-и байналмилалӣ» бахшида шуд. Он бо кӯшиши якҷояи рӯзномаи «Минбари халқ», намояндагии Фонди Эберт дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа Консалтинг» созмон ёфт. Дар маҳфил намояндагони нашрияҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ, марказҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои электронӣ ширкат намуданд.
Сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов зимни ифтитоҳи маҳфил аҳамияти мавзӯи зикрёфтаро баён карда, аз ҷумла зикр намуд, ки роҷеъ ба ин масъала ҳар як аҳли ҷомеа, сарфи назар аз мақому мартаба, забон, дин, ақида бояд таваҷҷуҳ дошта бошаду дар баланд гардидани обру ва нуфузи Тоҷикистон саҳм гузорад. Бахусус кормандони ВАО, ки сухани онҳо таъсирбахш аст. Вай аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки дар суҳбат фаъолона ширкат карда, фикру мулоҳизаҳояшонро баён кунанд.
Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоев ташкили ин маҳфилро, ки доир ба мавзӯи мазкур ва ба ин шакл бори аввал созмон дода шуд, муҳим ва мубрам арзёбӣ кард. Вай зимни суханронӣ роҷеъ ба таҷрибаҳои ҷаҳонии баланд бардоштани имиҷи кишварҳо ва муаррифии Тоҷикистон дар ВАО-и байналмилалӣ ҳарф зад. Ҳамчунин рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода оид ба мавзуъҳои «Мушкилоти сохтани имиҷи Тоҷикистон дар матбуоти хориҷӣ» ва «Нақши расонаҳои хабарии миллӣ дар ташкил ва муаррифии имиҷи Тоҷикистон» изҳори назар карданд. Сипас, саволу ҷавоб ва баҳсу музокираҳо сурат гирифтанд. Дар натиҷа, пешниҳодоти гуногун ироа гардид, аз ҷумла:
- таваҷҷуҳ ба омодасозии журналистони сатҳи байналмилалӣ;
-созмон додани ниҳоде ва ё марказе, ки тавонад маводҳои расонаҳои хабарии ҷаҳонро таҳлил карда, оид ба матолиби интиқодии ғаразноке, ки нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр мерасанд, вокуниш нишон диҳад ва навиштаҳоро доир ба кишварамон дар ҷаҳон паҳн намояд. Ба ин марказ ҷалби журналистони соҳибистеъдод ва мутахассисоне, ки бахшҳои забонҳои хориҷии макотиби олии мамлакаро хатм кардаанд;
-истифода аз тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла варзишгарон, ҳунармандон, сиёсатмадорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сарватмандон барои имиҷсозии кишвар.
Ташкилкунандагони маҳфил ва масъулини соҳа иброз доштанд, ки пешниҳодоти баёнгардида мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегирад. Бисёр намояндагони ВАО изҳор намуданд, ки дар оянда барои баланд бардоштани эътибору нуфуз ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона амал мекунанд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»