Варзоб. 90 иншоот ба истифода дода шуд

№60 (4166) 19.05.2020

ramz_30solagiБахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ободонӣ вусъат меёбад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Варзоб 276 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, сартарошхона, ҳаммом, толору майдончаҳои варзишӣ марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, аз иншооти пешбинишуда беш аз 90 адади он ба истифода дода шуд. Дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи марказии ноҳия, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и деҳаи Гулбоғ, сехи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, дӯконҳои нонпазӣ дар деҳаи Чорбоғ ва Чормағзакон, сардхона бо ғунҷоиши беш аз 200 тонна дар деҳаи Арақчини деҳоти «Чорбоғ» директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.

Дар ноҳия бунёди биноҳои хизматрасонию маишӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи Калони деҳоти «Зиддеҳ» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сохта шуда, беш аз 20 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар деҳаи Косатароши деҳоти «Лучоб» бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ як километр роҳи мошингарди назди МТМУ №56 мумфарш карда шуд.

1Дар деҳаи Буваки деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ майдончаи муосири варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он ҷавонони деҳа метавонанд ба бозиҳои футболу волейбол ва баскетбол машғул шаванд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар деҳаи Тойқараи деҳоти «Лучоб» аз ҷониби соҳибкор сохтмони фермаи ширию молӣ идома дошта, дар қисмати бунёдгардидаи он беш аз 100 сар чорвои зоти тоҷикӣ парвариш меёбад. Баъди пурра ба истифода додани ферма саршумори чорво афзоиш ёфта, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. 

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»