Варзоб. Барои ҳифзи муҳити зист бартарӣ дода мешавад

№109 (4371) 02.09.2021

DSC01452Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Варзоб ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯрондани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле фаъол аст. 

Вобаста ба иҷрои қарорҳои мазкур дар ҳафт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия барои ташкил намудани нуқтаҳои партовпартоӣ ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани дарёи Варзоб, дарёчаҳои кӯҳӣ амрномаҳо дода шуда, иҷрои онҳо зери назорат қарор доранд.

Зимни суҳбат директори марказ Фарид Каримов гуфт, ки дар тӯли ҳафт моҳи соли равон ба тоҷирон оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ҳифзи муҳити зист, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагии роҳҳо ва маҳали зист, ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ будани ҷойҳои кор, аз назорати тиббӣ гузаронидани кормандон суҳбат гузаронида, маслиҳатҳои муфид доданд.

- Дар ноҳияи Варзоб муассисаи обтаъминкунию коррезӣ (дар деҳоти Чорбоғ) фаъолият мекунад, ки панҷ манбаи истифодаи оби ошомиданиро дар ихтиёр дорад. Инчунин, дар деҳоти «Лучоб», «Зиддӣ» ва «Деҳмалик»-и ноҳия низ якчанд манбаи оби нӯшокӣ ташкил шуда, сокинон аз онҳо истифода мекунанд. Дар саргаҳи он ҷо нуқтаҳои махсуси санҷиш насб шудаанд, об дар озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад, — афзуд Фарид Каримов.

Дар ҳафт моҳи соли равон нисбат ба шаш вайронкунандаи қоидаҳои санитарию гигиенӣ — ду нафар аз шаҳраки Такоб, се кас аз деҳоти «Варзоб — қалъа» ва як шаҳрванд аз деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1080 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Ҳамчунин, кормандони марказ дар Муассисаи давлатии Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳия ҷиҳати риояи қоидаҳои ба пешгирии бемории сироятии коронавирус рабтдошта санҷиш гузаронида, ашхоси муҷрим 1200 сомонӣ ҷарима шуданд.

- Минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро боз ҳам пурзӯр намуда, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва нақзи қоидаҳои санитарию гигиениро пешгирӣ намоем, — гуфт дар фарҷом Фарид Каримов.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»