Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявии ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ доир гардид. Дар он кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаву идораҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва сокинон иштирок намуда, дар ду шафати шоҳроҳи Душанбе — Чанок (минтақаи Варзоб) бештар аз 500 ниҳоли ҳамешасабзи сӯзанбарг ва буттаҳои ороишӣ шинонида, бехи дигар дарахтонро нарм ва атрофи онҳоро аз хасу хошоки дар рӯзҳои сард ва боронгариҳо ҷамъшуда тоза гардониданд. Дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва ободонию тозагардонии атроф саҳми кормандон ва сокинони шаҳраки «Такоб», ҷамоатҳои деҳоти «Варзоб-Қалъа», «Деҳмалик» ва Садриддин Айнӣ шоистаи таҳсинанд ва дар ин маъракаи муҳим пешсаф мебошанд. Вазъи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҷамоатҳои деҳоти «Чорбоғ», «Лучоб» ва «Зиддӣ» низ мувофиқи мақсад аст.
Мувофиқи маълумоти омории Шуъбаи кишоварзӣ ва Ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб тайи ду моҳи охир дар минтақаҳои мувофиқ ба ниҳолшинонӣ беш аз 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст. Вобаста ба ин дар 1,5 гектар боғи нав бунёд ёфта, дар 2 гектари дигар боғи куҳна аз нав барқарор гардид. Ҳамзамон ҷиҳати эҳё намудани токзор низ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Айни ҳол рафти корҳои ниҳолшинонӣ ва ободонию кабудизоркунӣ, махсусан дар маркази ноҳия ва шаҳраку деҳоти он мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, кормандони Шуъбаи кишоварзӣ, Ҳифзи муҳити зист ва бахши кабудизоркунию ободонӣ то имрӯз 70 фоизи нақшаи корҳоро иҷро намудаанд.
Муҳаммад Зокир,
«Садои мардум»