Нигаронӣ

Варзоб. Ҳоли табоҳи мактаби бачагонаи санъат

№94 (4834) 29.07.2024

Коллаж — копияМактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон № 08, аз 26 августи соли 2004 ва қарори раиси ноҳияи Варзоб № 371, аз 21 октябри соли 2004, дар маркази ноҳия таъсис ёфта, фаъолияташро дар бинои садамавии собиқ клуби намоиши кинову консерт оғоз намуд. Соли 2013 бо супориши раиси вақти ноҳия муассисаи мазкурро ба бинои ошхонаи МТМУ №1, ки он ҳам дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бе ташхиси комиссияи меъморӣ ва тиббию санитарӣ кӯчониданд.

Мутаассифона, масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб боре андеша накарданд, ки бинои мазкур ҳанӯз солҳои 60-уми асри ХХ сохта шуда, ҳоли табоҳ дорад. Дар синфхонаҳои таъмирношудаи он мудом дарсҳои мусиқӣ баргузор мешаванд, дар ҳоле ки деворҳояш дар ҳама фаслҳои сол намнок буда, аз шифту деворҳои он бӯи нофорам меояд.

Ҳар боре ба саҳни мактаб ворид мешавем, аз дидани ҳолати ҳузнангези даромадгоҳи бинои он ғамгин мегардем. Деворҳояш куҳнаву рангпарида, майдон ноҳамвору зинаҳо шикаста ва аксар дарҳо бастаанд. Директори мактаб Шамсиддин Ахмедов моро ба ҳуҷраи кориаш даъват кард ва баъди шиносоӣ аз мақсади омадани мо ба ин даргоҳ пурсон шуд.

Директори мактаб гуфт, ки хуб мебуд дар суҳбат омӯзгори калони соҳибтаҷрибаи мактаб Ҷалол Азизов иштирок намояд, зеро ӯ дар бораи таърихи мактаб маълумоти бештар дорад.

Ҷалол Азизов аз камбудиҳои мактаб ҳарф задан нахост. Ба гуфти ӯ, дар мактаб ва филиалу синфхонаҳои дар деҳотбудаи он беш аз 445 хонанда ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб шудаанд. Ҷалол Азизов таърихи таъсиси мактаби мазкурро ёдовар шуда гуфт, ки солҳои аввали фаъолият дар мактаб таълиму тарбия дар се бахш ба роҳ монда, аз соли 2011 он ба бахшҳои «Сарояндагии анъанавӣ», «Созҳои зарбӣ», «Рубобнавозӣ», «Театрӣ», «Фортепианои умумӣ», «Шашмақомсароӣ» ва «Рассомӣ» табдил дода шуд. Бо зиёд гардидани бахшҳо шумораи хонандагон низ афзуда, хоҳишмандон аз деҳаҳои Зимчурӯд, Зоғар, Шафтимиҷгон, Ғузғарф, Даҳана, Беғайр, Мурутак, Ғажнӣ ва Ҳушёрӣ ба он меоянд.

- Солҳои минбаъда фаъолияти мактаб васеъ гардида, барои баланд бардош­тани завқу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯзиши санъати миллии халқи тоҷик дар ­назди муассисаҳои таълимии деҳот синфҳои алоҳидаи онро ташкил кардем, — гуфт ӯ ва суханашро идома дод: — Соли 2012 дар МТМУ №3-и деҳаи Ҳушёрӣ ва МТМУ №4-и деҳаи Хоҷа Обигарм синфи «Теат­рӣ», соли 2015 дар МТМУ №39-и деҳаи Буваки деҳоти С. Айнӣ синфи овозхонии «Устод ва шогирд» ва соли 2016 дар МТМУ №27-и деҳаи Намозгоҳ синфи овозхонии «Фалаксароӣ»-ро ба роҳ монда, онҳоро бо асбобҳои халқӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардем. Баъд аз ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар мактаби бачагонаи санъати ноҳия ва синфҳои он дар деҳот омӯзиши ҳунарҳои мардумии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, чӯбтарошӣ, кандакорӣ, ҳайкалтарошӣ, қолинбофӣ, заргарӣ ва рассомиро низ ба роҳ мондем.

Аз нақли Шамсиддин Ахмедов ва Ҷалол Азизов маълум гардид, ки мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб дар давоми 20 соли фаъолият ба даст­овардҳои назаррас ноил гардидааст, вале …

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо ва ошноӣ пайдо кардан бо рафти омӯзиши дарсҳои санъат ва ҳунарҳои мардумӣ роҳи бинои асосии мактабро пеш гирифтем. Мутаассифона, дари даромадгоҳи он баста буд. Роҳбаладамон ба кунҷи рости бино ишора карда гуфт, ки бо сабаби корношоям гардидани зинаҳои даромадгоҳи асосӣ даромаду баромади хонандагонро аз дари иловагии эҳтиётӣ ташкил кардаанд.

Вориди се синфхона шудем, дар ҳар кадом се-чор хонанда ба кори худ машғул. Намедонанд, ки муаллими фанниашон куҷост.

Вазъи ҳузнангези мактаб моро водор намуд, ки аз филиалу синфхонаҳои дар мактабҳои деҳот ташкилшуда низ дидан намоем. Аввал ба синфи овозхонии «Устод ва шогирд», воқеъ дар МТМУ №39, рафтем. Намуди берунаи мактаб ва дару тирезаҳои шикастаи синфхонаҳои онро дида ҳайратзада шудем. Синфхонаҳо ба талаботи дарсгузаронӣ ҷавобгӯ нестанд.

Директори мактаб Сайдалӣ Неъматовро пайдо карда натавонистем. Ба гуфти муовинон ва омӯзгорон мактаби мазкур дар иҷора қарор дорад. Бино, ба қавле, ба соҳибкоре тааллуқ доштаасту он панҷоҳ сол пеш ҳамчун лагери тобис­тонаи истироҳатӣ сохта шуда, хонандагони мактабҳои ҳудуди ноҳия ҳар сол дар давраи таътил дар он ҷо истироҳат мекардаанд.

Роҳбари гурӯҳи синфи овозхонии «Устод ва шогирд» Давлатмурод Мунавваров зимни суҳбат гуфт, ки 12 хонанда доранд, вале то ҳол соҳиби синфи алоҳида нестанд. Ҳатто, асбоби мусиқии омӯзишӣ дар манзили истиқоматии роҳбари гурӯҳ нигоҳдорӣ мешавад.

Мудири филиали мактаби санъати ноҳияи Варзоб дар гимназияи №1, воқеъ дар деҳаи Чорбоғ, Ҷонибек Холов изҳор дошт, ки дар ҳафт бахш 98 кӯдаку наврас ба омӯзиши санъат ҷалб гардидаанд. Дар он ҷо низ хонандагон синфхонаи алоҳида надоранд ва то холишавии ягон синфхона интизор мешаванд. Ҳолати начандон хуби филиал дар Чорбоғ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани вазъи филиалҳо дар деҳаи Бувакро дида, боздид аз дигар синфхонаҳои мактаби бачагонаи санъати ноҳия дар деҳаҳои Ҳушёрӣ, Хоҷа Обигарм ва Намозгоҳро зарур надонистем.

Зикр кардан бамаврид аст, ки иқлими ноҳияи Варзоб нисбат ба дигар манотиқи кишварамон сардтар аст, биноан, идораю корхона ва ташкилоту муассисаҳоро зарур меояд, ки барои зимистонгузаронӣ бештар сӯзишворӣ захира намоянд. Ҳолати синф­хонаҳои мактаби санъати ноҳия чандон ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд. Синф­хонае, ки дар он омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад, аз маҳсули дастони хонандагон оро ёфтааст, вале ҳолати садамавӣ ва намнокии он касро нороҳат месозад.

- Ҳар сол дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат ва фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мебинем ва вобаста ба шароиту имконияти мавҷуда ангишту ҳезум захира менамоем, аммо аз сабаби куҳна будани бино синфхонаҳоро гарм карда наметавонем, ки ин мушкилии дигарест, — мегӯяд мудири қисми хоҷагии мактаби мазкур Т. Ашурова.

Роҳбарияти мактаби бачагонаи санъа­ти ноҳияи Варзоб ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро дар мусоидати мақомоту идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ медонанд, зеро худи муассиса ва омӯзгорони он ба ин кор имкон надоранд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ тасдиқ гардидааст, ки яке аз бандҳои асосии он ба самти маориф ва фарҳанг равона шудааст. Масъулони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб агар дар доираи омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи санаи мазкур ба навсозии пурраи мактаби бачагонаи санъати ноҳия ҳам таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд, туҳфаи арзишманд мешуд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»